Хабари аз сар гирифтани парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Кобулу Алмато бисёриҳоро дар Тоҷикистон ба эҳтимоли ҳарчи зуд боз шудани марзи Русия низ умедвор кардааст.
Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кору зиндагӣ ба Русия мерафтанд, аммо имсол, ба иттилои расмӣ, тақрибан ҳаштод дарсад дар кишвар монданд. Баъзе аз онҳо аз бекорӣ ва аз даст додани даромад шикоят доранд.
"Муштоқон"-и сафар ба Русия зиёданд
Аввал якуми март гуфта буданд, боз 16-уми март гуфтанд. Ягон посухи дақиқ намедиҳанд.Абдуҷаббор Киборов
Содиқ Абдуллоев, сокини шаҳри Душанбе, як сол пеш аз Русия ба ватан омада, бо сабаби баста будани роҳҳо дигар натавонистааст, ба ҷойи кораш баргардад. Ӯ пас аз шунидани хабар дар бораи оғози парвозҳои мунтазам ба Қазоқистону Афғонистон ба назди нуқтаҳои билетфурӯшӣ рафтааст, то дар бораи марзи Русия низ бипурсад.
"Дар муқоиса ба Қазоқистон, агар роҳ ба сӯйи Русия боз мешуд, беҳтар буд. Талабгорони сафар ба Русия зиёданд. Қазоқистон ба Русия наздик аст, аммо тавассути он рафта наметавонем. Ғайриқонунӣ ҳисоб мешавад. Хатсайри мустақим кушода шавад, беҳтар аст", -- гуфт ӯ рӯзи 3-юми март.
Мусоҳиби мо афзуд, беҳуда муштоқи сафар ба Русия нестанд, чун дар онҷо имкони ёфтани кору ба даст овардани даромад зиёд аст. Чизе, ки ба гуфтаи ӯ дар Тоҷикистон нест ва ё хеле ба сахтӣ мешавад ёфт.
Мақомоти Тоҷикистон бекории афзунро дар кишвар эътироф намекунанд ва Оҷонси омор шумори бекоронро “наздики 52 ҳазор нафар” шумурдааст. Ҳарчанд ба ҳисоби Бонки Ҷаҳонӣ, теъдоди бекорон дар Тоҷикистон зиёда аз 250 ҳазор нафаранд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Садои умедворкунандае аз Маскав
Ҳоло миёни Тоҷикистону Русия парвозҳои чартерӣ амал мекунанд ва бештар шаҳрвандонро аз Маскаву шаҳрҳои дигар ба Душанбе меоранд. Сокинони Тоҷикистон, ки далели бисёр муҳиме, аз ҷумла ҳуҷҷати беморӣ надоранд ва ё ҳамзамон соҳиби шиносномаи русӣ ё санади иқомат дар Русия нестанд, ба он кишвар рафта наметавонанд.
Яке аз мудирони фурудгоҳи "Внуково"-и шаҳри Маскав рӯзи 3-юми март гуфт, парвозҳо ба самти Узбекистону Тоҷикистон эҳтимол дар моҳҳои апрел ва май барқарор шаванд. Ба қавли Виталий Вантсев, "дар он кишварҳо вазъи эпидемиологӣ дар қиёс бо мо беҳтар аст. Медонед, ки дар инҷо ҳам вазъ муътадил мешавад. Аз ин рӯ, умед дорем, дари ин бозорҳо ба рӯйи мо кушода мешаванд."
Икром Субҳонзода, раиси Оҷонси ҳавонавардии Тоҷикистон, низ рӯзи дувуми март дар ҷаласае дар Душанбе гуфтааст, сабаби аз сар гирифтани парвозҳои мунтазам ба Қазоқистону Афғонистон "беҳбуди вазъи беҳдоштӣ аст".
Дар моҳи феврали имсол дар Вазорати меҳнату муҳоҷират ва Вазорати тандурустӣ гуфтанд, қарор аст, Русия як гуруҳи мутахассисонро барои ошноӣ бо вазъи беҳдоштӣ ба Тоҷикистон фиристода, сипас дар мавриди бозкушоии марз тасмим мегирад.
Нигарониҳо аз посухҳои норӯшан
Ба ин тартиб, посухҳои норӯшан дар мавриди эҳёи парвозҳои мунтазам аз Тоҷикистон ба Русия гуруҳе аз сокинони ҷӯёи кору даромадро нигарон кардааст.
Абдуҷаббор Киборов, сокини Душанбе, мегӯяд: "Ҳар бор, ки дар бораи парвозҳо ба хориҷ хабаре мешунавам, ба нуқтаҳои билетфурӯшӣ меоям. Мепурсам, ки чӣ гуна ба Русия рафтан мумкин аст. Аввал якуми март гуфта буданд, боз 16-уми март гуфтанд. Ягон посухи дақиқ намедиҳанд."
Парвози доимии ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону кишварҳои дигар аз моҳи марти соли 2020 ва бо ҳадафи пешгирӣ аз густариши бемории ҳамагир қатъ шудааст.
Ҳоло Тоҷикистон бо Туркияву Имороти Муттаҳидаи Араб ва Узбекистон низ парвозҳои мунтазамро ба роҳ мондааст, аммо ончи бахши аъзами сокинон мунтазиранд, аз сар гирифтани парвозҳои доимӣ миёни Тоҷикистону Русия аст. Кишваре, ки то як сол қабл беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик дар онҷо кор кардаву ба оилаҳояшон зиёда аз ду миллиард доллар мефиристоданд.
МАЪЛУМОТИ ИЛОВАГӢ
Бар асоси дастури ҳукумати Русия аз 16-уми марти 2020 вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ба хоки Русия манъ аст, ба истиснои панҷ ҳолат:
-
Шахсоне, ки ВНЖ ё санади иқомати доимӣ дар Русия доранд. Шахсоне, ки бо ин санад баъд аз 16-уми марти 2020 ба Тоҷикистон омадаанд, бо парвози чартерӣ ба Русия рафта наметавонанд. Онҳое, ки ВНЖ доранд ва аз ин пештар омада буданд, метавонанд, сафар кунанд;
-
Шахсоне, ки ширкаткунандаи барномаи кӯчбандӣ ё “Переселение” ҳастанд ва, инчунин, аъзои оилаи онҳо ба парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия роҳ дода мешаванд;
-
Агар ҳамсар, фарзанд ва ё падару модари шахс шаҳрванди Русия бошад. Мусофир бояд дар ин бора ҳуҷҷати тасдиқкунандаро пешниҳод кунад;
-
Агар шахс бо ҳадафи табобат ба Русия биравад ва барои исбот аз ягон беморхонаи Русия даъватнома барои табобат ё аз Вазорати тандурустии Русия санад пешниҳод кунад;
-
Агар хеши наздик, аз ҷумла ҳамсар, волидон ва ё фарзанди шахс дар Русия бемор аст ва ӯ ба парасторӣ ниёз дорад. Ин қабил афрод ҳам бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ метавонанд вориди Русия шаванд.