Шаҳзода Назарзода (Самарқандӣ), рӯзноманигор ва нависандаи тоҷики муқими Ҳолланд, дар як суҳбати ихтисосӣ дар бораи китоби наваш – "Бозгашт ба Бухоро" – суҳбат кард, ки чанде пеш бо забони англисӣ нашр шуд. Дар бораи ҳуқуқи занони тоҷик низ гуфт, ки ба қавли ӯ гоҳо чун каниз истифода мешаванд.
"Камасутра"-и Амири Бухоро ҳақиқат аст"
Радиои Озодӣ: Асари нави Шумо бо забони англисӣ нашр шуд. Дар ин чанд моҳе, ки китоб ба дасти хонанда расидааст, вокунише гирифтед?
Шаҳзода Назарзода: Бале, аз як интишороти амрикоӣ пешниҳод гирифтем. Мехоҳанд, ин китобро дар Амрико бозчоп кунанд. Мо романҳои зиёде надорем, ки аз рӯзгори тоҷикон ё ғайрирусҳои Шӯравӣ суҳбат кунанд. Бахусус, мусалмононе, ки дар даврони Шӯравӣ зиндагӣ кардаанд. Барояшон бисёр ҷолиб буд, ки ин китоб мунташир шудааст ва алоқа доранд, онро бознашр кунанд.
Аз ин тарс надорам. Ҳамонгуна, ки медонем, Анна Ахматова ва Фурӯғи Фаррухзод ҳам таҳти фишор буданд. Бисёре аз нависандагони имрӯзи Аврупо ҳам таҳти фишор ҳастанд, чун масоилеро матраҳ мекунанд, ки барои хонандаҳо каме “шок”-овар аст.Шаҳзода Самарқандӣ
Радиои Озодӣ: Китоби “Бозгашт ба Бухоро” аз саргузаштҳои қаҳрамони асосӣ, Малика, қисса мекунад, ки дар аҳди Шӯравӣ бузург шуда, аз модаркалонаш эҳтиром ба арзишҳову муқаддасоти милливу фарҳангиро ёд гирифтааст. Ӯ ҳамеша рӯҳан озод буд, вақте Шӯравӣ пош хӯрд, дар Аврупо муқимӣ шуд. Рӯзе, ки қарор мекунад, ба Бухоро баргардад, ҳадафаш пайдо кардани китобе дар бораи ҳунар ё дарсҳои ишқварзии Амири Бухоро буд. Китоби муаллимаш ҳам инҷо муҳим аст. Дар ин байн Малика мавриди истинтоқи ходимони КГБ қарор мегирад. Суол ин аст, ки қиссаи "Камасутра"-и амири Бухоро ҳақиқат аст ё тахайюли эҷодӣ?
Шаҳзода Назарзода: Ҳақиқат дорад. Бисёре аз саҳнаҳо ва ривоятҳое, ки дар роман матраҳ шудааст, бар асоси таҷрибаҳои худи ман аст. Роман аз номаи дӯсти дерине Заур Дахте, аз Душанбе шуруъ мешавад ва ман тасмим гирифтам, бо исми воқеӣ ном бибарам... Заур Дахте аккоси маъруфи тоҷик тасовири ин китобро ба дасти ман доданд, ки дар Аврупо мунташир кунам. Тавре дар китоб ҳам оварда мешавад, “Камасутра”, дар воқеъ, низомномаи зиндагии хусусӣ ё маҳрамонаи амири Бухоро аст. Мутаассифона, худи китоб ношире пайдо накард. Бисёр шабоҳат ба “Камасутра” дошт.
"Духтари тоҷик аз бадани худаш шарм надошта бошад"
Радиои Озодӣ: Яке аз камтарин нависандаҳои тоҷик ва зане ҳастед, ки роҷеъ ба робитаҳои маҳрамонаи зану мард ва ё вижагиҳори табиии зан ошкоро менависед. Ин чӣ аст: талоши барпо кардани моҷаро ба хотири кашидани таваҷҷӯҳи хонанда, инқилоби зеҳнӣ дар адабиёти тоҷик ва ё бахши муҳими сабки нависандагии Шумо?
Шаҳзода Назарзода: Тамоми адабиёти форсӣ бо садои мард сабт шудааст. Матнҳое, ки дорем, мардона аст, аммо дунёи зани тоҷик кашфношуда аст. Ман ба таври ғаризӣ ин корро анҷом додам. Бояд дунёи занонро ҳам матраҳ бикунем, ки дар таърих бимонад. Мушкилоти зеҳнӣ, масоили хусусӣ ва иҷтимоии зани тоҷик низ гуфта шавад. Умед дорам, занони дигар ҳам по ба арса хоҳанд гузошт ва ҷасуронаву далерона, бидуни сонсур (сензура) ва бидуни он шарме, ки пойи моро гирифтааст, аз ҷаҳони занона суҳбат кунанд. Агар ин корро накунам, дар айни ҳол ба назарам мерасад, дигар касе ин корро нахоҳад кард. Далеле, ки романи “Бозгашт ба Бухоро”-ро ба забони англисӣ навиштам, ин аст: муддате, ки дар хориҷа зиндагӣ кардам, адабиёти бешуморе ба забони англисӣ хондам ва мутаваҷҷеҳ шудам, адабиёти мо, тоҷикҳо, бисёр тангу маҳдуд аст. Мо аз чизҳое суҳбат мекунем, ки моро бо ҳеҷ мушкиле ва суолҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ намекунад. Тасмим гирифтам, аз ин занонагӣ ва аз дунёи зан рӯшан бинависам, ки зани тоҷик, духтари тоҷик аз бадани худаш шарм надошта бошад. Дар адабиёте, ки мардҳо навиштаанд, мебинем, вориди чорчӯби бадан намешаванд. Ин табуи бисёр танге аст, ки дасти адабиётро бастааст. Ҷасорате, ки қарнҳои пеш классикҳои мо доштанд, мо надорем. Далели ин ҳам ҳамин буда метавонад, ки адабиёти мо пешрафт накардааст.
Навори суҳбатро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Агар дар Самарқанд ҳам будам, ҳамингуна менавиштам..."
Радиои Озодӣ: Аксар қаҳрамонҳои асарҳои Шумо занҳои ҷавон, бархоста аз табуҳову маҳдудиятҳо ҳастанд, озодипарастанд. Эҳсос мешавад, то ҷое тарҷумаиҳолӣ ҳам ҳастанд. Фарз кардем, агар дар Ғарб неву дар Самарқанд ё Тоҷикистон мебудед, то куҷо бепардаву урён саргузаштҳои қаҳрамонҳои зани худро баён мекардед?
Шаҳзода Назарзода: Фикр мекунам, сабки баёни ман ҳамин мебуд. Ман худамро тағйиркарда эҳсос намекунам. Ман ҳамон Шаҳзодае ҳастам, ки дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо 50 ҳамсабақи худам дарс мехондам. Мо аз ҳамин мавзуъҳо суҳбат мекардем, баҳс мекардем ва интихобҳоямон табушиканона буд. Аммо шояд забони навиштанам каме маҳаллитар мебуд. Муҳтавои навиштаҳоям ҳамин мебуд, ки ҳаст. Барнома ва умед дорам, ки дар солҳои наздик ба Самарқанд баргардам ва ҳамчунон идома диҳам ва эҳтимол боз ҷасуронатар аз ҳоло бинависам.
Радиои Озодӣ: Наметарсед, ки дар онҷо зери фишору нофаҳмӣ қарор мегиред, шояд бо бархӯрди манфие рӯ ба рӯ шавед, ки интизораш надоштед?
Шаҳзода Назарзода: На, тарс аз ин надорам. Ҳамонгуна, ки медонем, Анна Ахматова ва Фурӯғи Фаррухзод ҳам таҳти фишор буданд. Бисёре аз нависандагони имрӯзи Аврупо ҳам таҳти фишор ҳастанд, чунки масоилеро матраҳ мекунанд, ки барои хонандае, ки гӯшу ҳушаш ба адабиёти мардона одат кардааст, каме “шок”-овар аст. Ин ҷараён солҳои сол шуруъ шудааст ва ҳамонгуна, ки мо дар Русия мебинем, занон ҷасуронатар менависанд. Агар баргардам ва барои ман мушкиле пеш ояд, метавонанд китоби маро чоп накунанд, ки чоп намекунанд... Ҳамон тавре, ки медонед, китобҳои мо дар Узбекистон ҳанӯз ҳам мамнуъ аст, навиштаҳои ман мамнуъ аст, мунташир намешаванд.
Радиои Озодӣ: Ба Шумо нагуфтанд, ки чаро чоп намешаванд?
Шаҳзода Назарзода: Дар замони Ислом Каримов рӯйирост мегуфтанд, “чаро омадӣ?”, “бояд баргардӣ”. Маро боздошт карданд ва маро мамнуъ-ул-хуруҷ карданд, паспорти маро гирифта буданд, иҷоза намедоданд, ки биравам.
8-уми март рӯзи ҳадя гирифтан нест. Рӯзе аст, ки занҳо ба хиёбон бираванд, аз давлат ҳаққи худро бихоҳанд ва он маҳдудиятҳоеро, ки ҷилави хушбахтиву хушҳолии онҳоро мегиранд, матраҳ кунанд.Шаҳзода Самарқандӣ
“Листи “сиёҳ”-и Ислом Каримов ҳанӯз барҷо аст”
Радиои Озодӣ: Аммо дар давраи Шавкат Мирзиёев вазъият тағйир наёфт?
Шаҳзода Назарзода: Дар давраи Мирзиёев сафар кардам, бо қавонине, ки як моҳ бидуни виза сафар кардан мумкин буд. Як маъмури амният, ки маро дар манзили модарам сабтином мекард, гуфт, “раиси ҷумҳурии ҷадид ҳамаи Шуморо бахшидааст”. Ман пурсидам: “Магар чӣ гуноҳе кардаем, ки моро бибахшанд?” Аз посухи ман хушаш наомад. Ин иҷозатҳо ба унвони фарде буд, ки ман он ҷо таваллуд шудаву ба дидани хонавода рафтаам. Ман ҳанӯз он ҷо нарафтам, ки рӯнамоии китоб баргузор кунам, китоб чоп кунам, ҳанӯз суҳбат аз инҳо нашудааст. Ҳамон тавре, ки медонед, бархе ҷилавгириҳое ҳаст, ки бидуни суҳбат кардан матраҳ мешавад. Листи “сиёҳ”-и Ислом Каримов ҳанӯз барҷо аст, бисёре аз фаъолон ҳамчунон дар он сабт ҳастанд, ҷилави фаъолияташон гирифта мешавад. Талоши ман бар ин аст, ки вақте баргаштам Самарқанд, интишороти худамро роҳандозӣ кунам, як интишороти озод, ҳамонгуна ки дар Ҳолланд ҳамроҳ бо ҳамсарам анҷом додем. Мо интишороти “Ақли сурх”-ро роҳандозӣ кардем ва адабиёти тоҷиконро муаррифӣ мекунем, Тоҷикистон ва фосизабонҳои Осиёи Миёнаро. Барнома дорам, ҳамин корро дар Самарқанд ва дар Душанбе низ идома диҳам, ба шарте ки ҷилавгирӣ набошад, иҷоза диҳанд. Шумо медонед, ки китоб кам чоп мешавад, 100-200 дона ва худи ҳамин ҳам як навъи ҷилавгарӣ аз китобҳои тоҷикон аст.
“Зан бояд ҳарфи дили худро гуфта тавонад”
Радиои Озодӣ: Ҳуқуқи зан дар оилаву дар назди шавҳар як мавзӯи дигари калидист, ки ба он бисёр вақт муроҷиат мекунед. Масъалаи хушунати хонаводагӣ барои бисёр занҳо хос, дарднок ва таҳаммули он ҳам айни замон одат шудааст. Чаро, ба назари Шумо, бо гузашти 110 сол аз он ки 8-уми март ба унвони рӯзи байналмилалии занон шинохта шудааст, масъала то ҳол ҳал нашудааст?
Шаҳзода Назарзода: Решаи инҳо аз замони Шӯравӣ шуруъ мешавад. Замони Шӯравӣ таблиғоти доманадоре сурат гирифт, ки рӯзи 8-уми мартро ба унвони Рӯзи модар муаррифӣ кунанд ва асли ҳақхоҳиву баробархоҳии онро аз занҳо гирифтанду бо хонавода ва ошпазхона маҳдуд карданд. Яъне, занҳо ош напазанду ҳадя гиранд. Аммо 8-уми март рӯзи ҳадя гирифтан нест, рӯзе аст, ки занҳо ба хиёбон бираванд, аз давлат ҳаққи худро бихоҳанд ва он маҳдудиятҳое, ки ҷилави хушбахтиву хушҳолии онҳоро мегиранд, матраҳ кунанд. Барои он ки баробарии зану мард ба таври сохторӣ сурат гирад, давлатҳо бояд “Рӯзи модар” ва “Рӯзи зан”-ро ҷудо кунанд.
Радиои Озодӣ: Дар бораи хушбахтӣ гуфтед. Ба зани тоҷик чӣ лозим аст, ки хушбахт шавад?
Шаҳзода Назарзода: Зани тоҷик, барои он ки битавонад хушбахт шавад, ба унвони як инсон, аввал бояд ҳарфи дили худро гуфта тавонад. Аз кӯдакӣ бояд гӯяд, чӣ чизро дӯст медорад, чӣ чизро дӯст надорад. Бояд инро бидонад, ки ҳаққи ӯ аст, бо чӣ касе дӯст шавад, бо чӣ касе дӯст нашавад, бо чӣ касе издивоҷ кунад ё накунад. Ҳарфи худро нахӯрад. Ингуна фикр накунад, ки як коргари бидуни дастмузд даруни хона аст. Ӯ бояд бидонад, ки ин ҳаққи мусалламаш аст, ки бихоҳад, биравад берун, театр, кино, рӯзнома харад, китоб харад, бо дӯстонаш мулоқот кунад. Аз ҳамсари худаш набояд иҷозат пурсад. Нақши зан дар ҷомеаи Тоҷикистон тавре шакл гирифтааст, ки гуё духтар арӯсӣ мекунад, ба унвони як корманд истихдом мешавад ва бояд иҷоза пурсад, ки чӣ бихарад, чӣ бихӯрад, ҳатто хонаи падару модараш биравад ё наравад. Ин чизҳо он қадар даступои занро бастааст, ки ӯ худии худашро гум мекунад. Мутаассифона, ҳазорон, миллионҳо зан мемиранд ва намефаҳманд, ки инсон буданд ва озодона зиндагӣ кардан чӣ аст. Ин аввалин ҳаққи инсон аст, ки бояд ҳарфи дилашро бигӯяд ва барои он ки хостаи дилашро матраҳ кунад, набояд сарзаниш шавад, набояд калтак бихӯрад, набояд таҳқир шавад. Ин чизҳо бояд матраҳ шаванд ва давлат бояд қадами аввалро бигузорад.