Раҳбарони ИА масоили амният ва дифоъро баррасӣ мекунанд

Брюссел, 26 феврал. Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг (аз чап) ва раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел

Рӯзи 26-ми феврал дар рӯзи дуюми ҷаласаи онлайнии Иттиҳоди Аврупо 27 раҳбари кишварҳои узви ин созмон масоили дифоъ ва амниятро баррасӣ мекунанд. ИА барои иқдомҳои ҳамоҳангшуда дар барномаҳои дифоӣ, масалан, нақшаҳои маблағгузории муштарак дар барномаҳои рушди дифоӣ, ки чанд соли охир ба ҳам хӯрда буд, ташкили ҷаласа мекунанд. Бархе раҳбарон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки талошҳои ИА метавонад ба НАТО, ки президенти ИМА Ҷо Байден барои барқарории рисолату нуфузи он талош дорад, зарба занад.

Ба музокираҳои ИА тавассути тамоси видеоӣ дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ҳам ҳамроҳ шуд. Столтенберг пеш аз ширкат дар ҷаласа ба журналистон гуфт: “Талошҳои ИА шона ба шона бо иқдомҳои низомӣ пеш меравад”. Столтенберг гуфт, “барои НАТО муҳим аст, ки бӯҳрони пандемия ба як бӯҳрони амниятӣ табдил нашавад”, чунки, ба гуфтаи ӯ, “таҳдидҳое, ки мо пеш аз пандемия бо онҳо рӯбарӯ будем, ҳамоно пойбарҷо ҳастанд: ин амалҳои хашини Русия, шаклҳои дағалтари терроризм, ҳамлаҳои моҳиронаи интернетӣ, афзоиши нуфузи Чин ва паёмадҳои амниятии тағйироти иқлим мебошанд”.

Зимни суханронӣ дар оғози ҷаласа президенти Шӯрои Аврупо Шарл Мишел гуфт, иртиботи миёни Аврупо ва ИМА аз тақвияти муносибатҳои ИА ва НАТО наздиктар хоҳад шуд. Дар рӯзи аввали ҷаласа раҳбарони аврупоӣ тааҳҳуд карданд, ки истеҳсол ва тақсими воксинаҳои зидди COVID-19 дар қораи Аврупо суръат бахшида мешавад. Президенти Комиссиюни Аврупо Урсула вон дер Лейен гуфт:

“Боварӣ дорем, ки метавонем то охири тобистон ба ҳадаф бирасем ва 70 дарсади аҳолии Иттиҳоди Аврупо, яъне калонсолонро бо ваксина таъмин кунем. Дар Иттиҳоди Аврупо 255 миллион нафар аст. Вақте мо ба омори нақшавӣ нигоҳ мекунем, бовар дорем, ки ба ҳадаф мерасем”.

Мақомоти аврупоӣ инчунин гуфтанд, ки маҳдудиятҳои сафар нигоҳ дошта мешавад ва танҳо дар сурати зарурати корӣ ва эҳтиёҷоти дигар сокинони Аврупо ҳақ хоҳанд дошт аз як кишвар ба кишвари дигар ҳаракат кунанд.