Дар як ноҳияи “нафтхез”-и Тоҷикистон, ки то 10 сол пеш газу нафт аз онҷо истихроҷ мекарданд, умедвор буданд, ки то имсол дигарбора маводи сӯхти дохилиро истифода мебаранд.
Аммо СOVID-19 омаду умедҳои онҳоро барбод дод. Сармоягузорони чинӣ, ки аҳд дода буданд, ба Балҷувон омада манораҳои нафткашро дигарбора ба кор меандозанд, дигар натавонистанд, ба Тоҷикистон биёянд. Ҳоло маълум нест, ки кай лӯлаҳои зангазадаву манораҳои беҳаракати нафткашии Балҷувон таъмир мешаванду ба ҳаракат медароянд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шералӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Балҷувон чанде пеш дар як нишасти хабарӣ дар бораи ин тарҳҳои ба таъхирафтода суҳбат кард ва гуфт: “Баъзе созмонҳои молӣ буданд, ки шартномаи тарафайн доштанд, бо минтақаи нафту гази мо. Аз тарафи Ҷумҳурии Халқии Хитой гуфтушунидҳо буданд, аммо бинобар сабаби пандемия онҳо омада натавонистанд.”
Дар Балҷувон, конҳои қадимаи нафту газ аз ҷумла Бештентоқ вуҷуд дорад, ки дар замони шӯравӣ захираҳои зиёди онро истихроҷ кардаанд, вале мутахассисон мегӯянд, дар сурати истифода аз технологияҳои нав метавон, аз чоҳҳои боқимонда ва захираҳои дастнохӯрдаи поёнии он нафту гази бештар гирифт.
Ҳоло Шералӣ Ҷалилзода, раиси ноҳияи Балҷувон мегӯяд, ки умед доранд, бо маҳви коронавирус сармоягузорони Чин имсол ба ноҳияи онҳо баргарданд: “Корҳо дар минтақаи минтақаи нафту гази Балҷувон минтақаи дуюм бояд оғоз шавад.”
Дар гузашта ҳам баъзе конҳои маъданҳои табииро ба ширкатҳои чинӣ доданд ва баҳсҳои зиёдеро ба миён овард. Манораҳои нафту гази Балҷувонро то ҳол ширкате бо номи “Ҳасан – компания” мечархонд ва нафту газро ба минтақаи Кӯлоб мефурӯхт. Дар ҳукумати ноҳияи Балҷувон гуфта буданд, ки ширкати “Ҳасан-компания” аз идораи нафту газ 1 миллион сомонӣ қарздор шуда, муддате фаъолият намекард.
Баъди як гузориши Радиои Озодӣ ширкати “Ҳасан-компания” ба идораи нафту газ қарзашонро баробар кардаанд. Раиси ноҳияи Балҷувон ҳам гуфт, ки қарор аст, ин ширкат корро оғоз кунад: “Инҳо байни худашон муомила кардаанд. Ҳардуяшон дар ҳузури ман гуфтанд, ки ҳисобу китобашонро ёфтанд. Дар оянда баъди истифода додани чоҳҳо, кори худро сар мекунанд.”
Дар конҳои нафту гази Балҷувон то солҳои 2010 як муддат ширкати “Кӯлоб-петролиум” ҳам ба истихроҷи нафту гази ин ноҳия машғул буд ва ба сокинони Кӯлоб гази табиӣ медод. Баъди солҳои 2010 интиқоли газ ба Кӯлоб қатъ шуд. Ноҳияи Балҷувон дар 175 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар замони Шӯравӣ аз ноҳияҳои дорои захираҳои нафту газ ба ҳисоб мерафт.