Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полоишгоҳи нафти Данғара. 90% аз Чин ва 10 аз "Ҳасан ва Ко"


Ширкати марбут ба СNPC-и Чин дар Тоҷикистон сохтмони полоишгоҳи бузурги нафтро ба поён расондааст. Ин полоишгоҳ қодир аст, аз 300 то 500 ҳазор тонна нафтро дар як сол коркард кунад.

Дар сурати ба кор пардохтани ин полоишгоҳ, ба эҳтимоли зиёд Чин бозори нафтии Тоҷикистонро ба даст хоҳад овард, ки айни замон зери дасти Русия ва ширкати "Газпромнефт" аст. Полоишгоҳро дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара "ТК-Ойл" - як ширкати муштараки Тоҷикистону Чин - сохтааст.

"Ҳасан ва Ко"

Дар Феҳрасти ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ки дар он мушаххасоти ҳама ширкатҳо ва соҳибкорон сабт шудааст, молики "ТК-ойл" зикр нашудааст. Маълум нест, соҳиби асосии он кист. Вале мақомот дар гузашта гуфта буданд, молики "ТК-ойл", ки полоишгоҳи нафтро дар Данғара бунёд кард, ширкати тоҷикистонии "Ҳасан ва Ко" ва Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd – як зерширкати CNPC - ҳастанд.

Дар хабари оҷонси “Азия Плюс” дар соли 2013 низ гуфта мешавад, ки 90 дарсади саҳмияи "ТК-ойл" ба ширкати чинии Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd ва ҳамагӣ 10 дарсади он ба ширкати "Ҳасан ва Ко" тааллуқ дорад.

Роҳи оҳан, пул ё қубур?

Илҳомиддин Мӯъминов, мовини раиси Минтақаи озоди иқтисодии Данғара, охири ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, полоишгоҳ бунёд шуда, "корҳои сохтмонӣ дар терминал ва ё анбори нигоҳдории нафт идома дорад”.

"Мо ба сармоягузорони чинӣ чанд нома навиштем, ки муҳлати оғози кори корхонаро муайян кунанд. То ҳанӯз аз онҳо ҷавоби расмӣ нагирифтаем", -- иброз дошт Муъминов.

Масъулони бахши муҳандисии Минтақаи озоди иқтисодии Данғара гуфтанд, барои кашондани нафти хом нахуст қарор буд то полоишгоҳ роҳи оҳан сохта шавад, "аммо маълум шуд, ки дар ин сурат роҳи оҳан аз роҳи мошингард мегузарад ва зарурати бунёди як пул ба миён меояд". Аз ин рӯ, то полоишгоҳ лӯлаҳои нафткашон бунёд шудааст, "чун бино ба ҳисоби чиниҳо ин роҳ арзонтар меафтад".

Нафтро аз Қазоқистон меоранд

Ширкати чинӣ айни замон барои ворид кардани нафт бо ширкатҳои Қазоқистон вориди гуфтугӯ аст, аммо Мӯъминов мегӯяд, то ҳанӯз нафти хом ба ширкат ворид нашудааст.

Коршиносон мегӯянд, дар сурати ба кор пардохтан ин полоишгоҳи нафт метавонад бахши аъзами талаботи ҷумҳурӣ ба маводи нафтиро таъмин кунад. Муҳандис Набӣ Маликов, ки таҷрибаи тӯлонии кор дар соҳаи нафту газро дорад, гуфт, полоишгоҳ бо иқтидори 500 ҳазор тонна корхонаи миёна ба ҳисоб меравад, аммо талаботи кунунии кишвар ба маҳсулоти нафтӣ чандон зиёд нест ва ширкати чинӣ метавонад онро фаро гирад.

"Албатта, чӣ қадар бензину солярка истеҳсол мешавад, аз он вобаста хоҳад буд, ки онҳо кадом навъи нафтро меоранд. Ин корхона ба кор дарояд, метавонад, як қисми бузурги талаботи кишварро таъмин кунад", -- афзуд ӯ.

Захираҳо дастнорасанд ё ширкатҳо дурӯғ мегӯянд?

Маликов гуфт, дар Тоҷикистон захираҳои бузурги кашфшудаи нафту газ вуҷуд дорад, аммо ширкатҳо барои парма кардани чоҳҳои нав кӯшиши зарурӣ ба харҷ намедиҳанд.

Вай гуфт: "Баъзе ширкатҳои хориҷӣ овоза паҳн карданд, ки захираҳо гӯиё дар чуқурии ниҳоят зиёд асту харҷи калон дорад. Онҳо ин гапро ё надониста ва ё барқасдона мегӯянд, ки Тоҷикистон соҳиби нафту гази худ нашавад. Дар асл ҷумҳурӣ барои таъмини талаботи худ нафту гази кофӣ дорад."

12 миллион долларе, ки дар "Агроинвестбонк" дармонд

Қарор буд полоишгоҳи нафт дар Данғара тирамоҳи соли 2016 ба кор сар кунад, вале чанд сол инҷониб ба таъхир меафтад. Як сабаб дармондани 12 миллион доллари ширкати чинӣ дар "Агроинвестбонк", яке аз бонкҳои дучори мушкил, будааст.

Чанде пеш Ҷамшед Шарифзода, муовини аввали раиси ноҳияи Данғара дар як нишасти хабарӣ гуфт, сармоягузори сохтмони полоишгоҳ 12 миллион доллари худро аз “Агроинвестбонк” гирифт ва корхона дар ҳолати санҷишӣ фаъолияти худро шурӯъ кардааст.

“Роҳбари корхона шаҳрванди Чин аст ва ҳоло омада дар Данғара қарор дорад”, -- гуфта буд Ҷамшед Шарифзода. Муовини раиси ноҳияи Данғара нагуфт, ки корхона кай ба фаъолият шурӯъ мекунад. Танҳо ишора кард, ки он дар сафари қарибулвуқӯи президент кушода мешавад.

Аз Русия ба Чин?

Тоҷикистон бахши зиёди маводи нафтиро аз Русия ворид мекунад. Ин кишвар мувофиқи як қарордод то як миллион тонна маводи нафтиро бидуни боҷи содиротӣ ба Тоҷикистон мефурӯшад.

Мувофиқи омори расмӣ Тоҷикистон соли 2018 бо харҷи 310,8 миллион доллар аз хориҷа 446 ҳазор тонна маводи нафтӣ ворид кардааст. Пуле, ки дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон гардиш мехӯрад, ба фарқ аз соҳаҳои дигари иқтисоди кишвар хеле бузург аст. Бозоре, ки дар сурати ба кор даромадани полоишгоҳи нафти Данғара ба эҳтимоли зиёд зери дасти чиниҳо хоҳад рафт.

XS
SM
MD
LG