Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арктика таб кардааст, оҳи "сӯзонаш" ба Тоҷикистон ҳам мерасад


Cӯхтор дар ҷангале дар рӯзи 17-уми июни соли 2020 дар Камчаткаи Русия
Cӯхтор дар ҷангале дар рӯзи 17-уми июни соли 2020 дар Камчаткаи Русия

Арктика таб кардааст ва месӯзад, ҳадди ақал як гӯшаи он. Донишмандон ҳам дар изтироб афтодаанд, ки таби баланди як гӯшаи сарди ҷаҳон барои бақияи сайёра ва як порчаи хурди он Тоҷикистон чӣ оқибат дошта метавонад.

Рӯзи шанбе, 20-уми июн, ҳарорат дар шаҳраки Верхоянски Русия дар Арктика ба 38 дараҷа расид, ҳарорате, ки агар мо инсонҳо дошта бошем, мегӯянд, таб кардааст. Аммо инҷо Сибир аст, ҷое, ки бо сармояш ҳама онро мешиносанд. Созмони Ҷаҳонии Ҳавошиносӣ рӯзи 23-юми июн гуфт, саъй дорад, маълум кунад, ки оё дар воқеъ ҳарорат дар ин гӯшаи шимолии Ҳалқаи Арктика ба ҳамин ҳадди бесобиқа баланд рафтааст.

Ҷонатан Оверпек, мудири факултаи муҳитизистии Донишгоҳи Мичиган дар Амрико ба хабаргузории "Ассошиэйтед Пресс" гуфтааст, ончӣ дар Арктика шуд, воқеан барои Замин хуб нест. Ба қавли ӯ: "Арктика маҷозан ва яқинан месӯзад, чун назар ба ончӣ ки мо тасаввур мекардем, зудтар гарм мешавад. Дар натиҷа ихроҷи гази карбон ва дигар газҳои гулхонаӣ дар атмосфера зиёд гашта, оқибат ба обшавии босуръати (яхбандонҳои доимӣ) ва сӯхтор дар ҷангалҳо мерасонад."

Ба гуфтаи Оверпек, гармшавии Сибир, як ҳушдори фавқулода бузург аст. Дар бисёре аз гӯшаҳои Сибир имсол ҳарорат болотар аз меъёри муқаррарӣ ва ҳаво ҳам гармтар аз мавсимҳои гузашта буд.

Бино ба гузориши муассисаи ғайритиҷоратӣ ва илмии "Замини Беркли" дар Амрико, аз моҳи январ то моҳи май ҳарорати миёна дар қисматҳои шимолӣ ва марказии Сибир 8 дараҷа баландтар будааст. Ба гуфтаи Зеке Ҳаусфазер, иқлимшиноси муассисаи мазкур, "ҳаво дар ин минтақа ва дар ин мавсим назар ба ҳар вақти дигар гармтар буд.”

Аз сармои қаҳратун то ба тобистони тоқатфарсо

Сибирро барои ҳавои фавқулода сардаш дар Китоби Рекордҳои Гиннес ворид кардаанд. Дар инҷо ҳароратсанҷ аз 68 дараҷа сардӣ то ба 38 дараҷаи гармӣ тағйир кардааст. Дар Ҷумҳурии Саха дар Арктика, ки муҳоҷирони кории тоҷикро ҳам дар онҷо меёбед, барои мардум гармӣ чандон чизи баде нест.

Василиса Иванова ҳафтаи гузашта бо истифода аз фурсат бо аҳли оила фақат оббозӣ мекарду офтоб мехӯрд. Ӯ гуфтааст: "Мо тамоми рӯзро дар соҳили рӯди Лена гузарондем. Аз рӯзи душанбе сар карда ҳар рӯз ҳаминҷо меоем."

Василиса Иванова дар рустои Жиганск, 430 километр дуртар аз ҷое зиндагӣ мекунад, ки ҳарорати бесобиқаро сабт карданд. Агар барои Василиса ҳарорати баланд лаззатбахш бошад, барои донишмандон, баръакс, ташвишовар аст.

Ҷонатан Оверпек, аз Донишгоҳи Мичигани Амрико мегӯяд, “зангӯлаҳои хатар бояд садо бидиҳанд.” Чунин ҳавои гарм дар Сибир ҳазорсолаҳо боз набуд ва ба қавли Оверпек “аломати дигари он аст, ки Арктика гармоиши Заминро назар ба ончӣ ки мо фикр мекардем, фузунтар мекунад.”

Қисматҳои русии Арктика аз он гӯшаҳои ҷаҳон аст, ки бо суръати баландтаре гарм мешаванд. Андрей Киселёв, пажӯҳишгари калони Расадхонаи геофизикии Русия дар шаҳри Маскав мегӯяд: "Ҳарорат дар курраи Замин дар чанд даҳаи гузашта ба ҳадди миёна то 0.18 дараҷа боло мерафт, аммо дар Русия ба ҳадди 0.47 дараҷа ва дар қисмати русии Арктика 0.69 дараҷа боло меравад. Аз ин назар мо аз тамоми сайёра пеш ҳастем.”

Боло рафтани ҳарорат дар Сибирро аз сӯхторҳои идомадор дар Сибир мебинанд, ки сол ба сол бадтар мешавад ва яхбандонҳои доимиро об мекунад ва мушкили азиме барои хонаву лӯлаҳои нафту газ меофарад. Дар Русия бинову лӯлаҳои зиёде рӯи яхбандонҳои доимӣ (заминҳои яхбастае, ки тобистон низ об намешаванд) сохта шудаанд. Владимир Романовски аз Донишгоҳи Фейрбанки Аляска, ки яхбандонҳои доимиро таҳқиқ мекунад, мегӯяд: “Об шудани яхбандонҳои доимӣ низ дар навбати худ, газҳои бандмонда дар зери онҳоро бухор мекунад ва заминро мехушконад ва ҳамингуна имкони сӯхторро зиёд мекунад.”

Ҳарорате, ки пойҳои Арктикаро "суст мекунад"

Як сабаби асосии фалокати моҳи гузашта ва ба дарё рехтани соляркаи зиёд дар шаҳри Норилск дар Арктика аз об шудани яхбандон будааст. Соли 2011 дар шаҳри Якутск бузургтарин шаҳри Ҷумҳурии Саха қисме аз як бинои истиқоматӣ фурӯ рафт ва сабаби он об шудани яхбандон ва фӯру нишастани замин будааст.

Керосине, ки ба дарё рехт. Пояҳои бушкаҳои маводи сухт суст шуда, афтодаанд.
Керосине, ки ба дарё рехт. Пояҳои бушкаҳои маводи сухт суст шуда, афтодаанд.

Моҳи августи соли гузашта ба гуфтаи созмони Greenpeace 4 миллион гектар ҷангали Сибир сӯхт. Владимир Чупров, мудири бахши русии созмон гуфтааст, сӯхтор имсол зудтар оғоз ёфт, баръакси солҳои пеш, ки моҳи июл сар мешуд.

Кейти Волтер Энтони, аз Донишгоҳи Фейрбанкси Аляска мегӯяд: "Ҳавои мунтазам гарм, ки ҷангалсӯзӣ ба он ҳамроҳ шавад, обшавии яхбандонҳои доимиро суръат мебахшад ва ин дар навбати худ миқдори зиёди гази метанро ихроҷ мекунад, ки гази гулхонаӣ ва 28 маротиба қавитар аз гази карбон аст.” Кейти Волтер Энтони мутахассиси ихроҷи гази метан аз заминҳои Арктика аст.

Ӯ мегӯяд: “Гази карбон аз яхбандонҳои доимӣ берун меояд, ба атмосфера ворид мешавад ва дар тамоми дунё давр мезанад. Гази метане, ки аз Арктика берун мешавад, дар Арктика намемонад. Ба тамоми дунё таъсир дорад.” Волид Абдулотӣ, донишманди собиқи НАСА - Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико ва ҳоло устоди Донишгоҳи Колорадо мегӯяд: “Дигар яқин аст, ки Арктика ба бухории гармоиши курраи Замин маводи сӯхт мерезад.”

Абдулҳамид Қаюмов, профессор ва иқлимшиноси тоҷик, ки таъсири гармо ба пиряхҳои Тоҷикистонро меомӯзад, рӯзи 25-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тасаввури хатост, ки тағйирот дар Арктика ба Тоҷикистон таъсир намегузорад. Ӯ навишт: «Таъсираш ҳатмист. Дар ҳолати гарм шудан, сиклонҳои хунуки Арктика кам мешавад. Ин маънии онро дорад, ки боришот кам мешавад.»

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG