Мансабдорони тоҷик бояд то 1 апрел дар бораи дороиҳои худ гузориш диҳанд

Хабаргузории давлатии "Ховар" гузориш додааст, ки мансабдорони тоҷик бояд 1-уми апрели имсол дар бораи дороиҳои худ маълумот диҳанд. Чунин тартиб солҳо боз дар Тоҷикистон амал мекунад, аммо имсол фарқ мекунад.

Мансабдорон ё хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон акнун муваззаф шудаанд, ки дар бораи дороиҳояшон ба монанди гову асп ва парранда ба мақомот гузориш диҳанд.

Қаблан қонунҳои Тоҷикистон аз мансабдорон танҳо эъломия дар бораи хонаву замин ва авроқи гаронбаҳо (саҳмияҳо)-ро талаб мекард. Теъдоди мансабдорон дар Тоҷикистон ҳудуди 20 ҳазор нафар аст.

Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, бо мақсади осон кардани пешниҳоди эъломияҳо, чанде пеш барномаи махсуси компютериеро таҳия ва ба кор даровардаанд, ки он имкон медиҳад эъломияҳо дар шакли электронӣ пешниҳод карда шаванд.

"Дар сомонаи расмии идора гӯшаи "Кабинети шахсии андозсупоранда" мавҷуд аст, ки барои шахсони мансабдори Тоҷикистон тартиби пешниҳоди эъломияҳоро оид ба даромадҳо осон мекунад",-омадааст дар хабарномаи расмӣ.

Дар хабари расмӣ ба мансабдорон ҳушдор дода шудааст, ки дар сурати пешниҳод накарданд ё нодуруст додани маълумот дар бораи дороиҳо, аз мақом барканор мешаванд. Агарчӣ тартиби пешниҳоди эъломия дар бораи дороиҳо ва амволи мансабдорони Тоҷикистон аз соли 2004 инҷониб амал мекунад, аммо ин маълумотҳо боре оммавӣ нашудааст.

Ифшо нашудани маълумот дар бораи амволи мансабдорон ба гуфтаи мақомот аз як сӯ хоҳиши худи онҳост ва аз тарафи дигар, ба қавли раиси Оҷонси хидмати давлатӣ, ҷомеаи Тоҷикистон барои қабули он омода нест.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, эҳтимол ходимони давлатӣ аз ифшои дороиҳои худ, ки зоҳиран кам нест ва сарчашмаашро фош кардан намехоҳанд, ҳарос доранд. Дар ҳоле, ки дар кишварҳои пешрафта маълумот дар бораи дороиҳои мансабдорон озод аст.

Пинҳон мондани маълумот дар бораи дороиҳои мансабдорон ҳамеша дар ҷомеаи Тоҷикистон ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳоеро ба миён овардааст. Бисёриҳои ба ин суол мехоҳанд посух гиранд, ки чаро маълумот дар бораи дороиҳои мансабдорон дар Тоҷикистон бояд аз ҷомеа пинҳон карда шавад?