Ёдгор Файзов барои мушкили бебарқии деҳоте дар ВМКБ аз мардум узр хост

Акси Ёдгор Файзов аз саҳифаи http://badakhshon.tj/

Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар мулоқоташ бо рӯзноманигорон ҳафтаи ҷорӣ, аз сокинони ин вилоят барои маҳдудияти интиқоли барқ бахшиш пурсид. Навори узрхоҳии Ёдгор Файзов дар саҳифаи расмии маъмурияти вилоят дар шабакаи Фейсбук нашр шудааст. Ёдгор Файзов мегӯяд: “Ман аз сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои он ки натавонистам мардуми деҳотро дар зимистон бо барқ таъмин кунам, маъзарат мехоҳам. Ин вазъ ба мо нишон дод, ки дар ин соҳа ҳанӯз мушкилот ва камбудиҳои зиёд дорем”. Раиси вилоят барои ҳалли масъала аз се нақшаи бузург ҳамчун роҳҳали вазъ сӯҳбат кард. Ба гуфтаи ӯ, аз соли 2021 то 2023 дар вилоят бунёди 19 нерӯгоҳи офтобӣ ва пайваст кардани шабакаи “Помир энерҷӣ” ба шабакаи ягонаи миллӣ дар мадди назар аст. Ёдгор Файзов ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷро мисол овард, ки бинобар пайваст будан ба шабакаи энергетикии миллӣ ягон соат бе барқ намондаанд. Ҳамчунин сохтмони нерӯгоҳи “Себзор” дар нақша аст, ки ба гуфтаи ӯ имкон медиҳад, мардум тайи ду-се сол пурра бо барқ таъмин бошанд. Сардии ҳаво ва ях бастани дарёи Ғунду Панҷ дар зимистони имсол боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти таъмини барқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шуд. Дар ҳоле ки ин вилоят танҳо минтақаи Тоҷикистон аст, ки барқкушӣ дар ин ҷо дар қиёс бо қаламравҳои дигари кишвар камтар рӯй медиҳад. Ҷорӣ кардани маҳдудият дар таъмини аҳолӣ бо барқ дар нуқоти дигари Тоҷикистон зимистони поёни соли 2020 ва оғози соли 2021 мавриди нороҳативу интиқоди зиёди сокинон буд, вале ин як ҳолати хеле камназир дар Тоҷикистон аст, ки як мақомдори ҳукуматӣ барои кӯтаҳӣ дар кору мудирият аз сокинони оддӣ узрхоҳӣ кунад.