Донишҷӯёни тоҷики муқими Эрон аз вазири корҳои дохилии ин кишвар хостаанд, дар гуфтугӯ бо мақомоти тоҷик масъалаи бозҷӯӣ ва боздошти донишҷӯёнеро матраҳ кунад, ки дар Ҷумҳурии Исломӣ таҳсил кардаанд.
Онҳо гуфтаанд, беш аз 50 таҳсилкардаи Эрон дар Тоҷикистон боздошту бозпурсӣ ва бархе аз онҳо зиндонӣ шудаанд. Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ, ҳамин ҳафта баъди мулоқот бо мақомоти баландпояи Душанбе ба Теҳрон баргашт. Вазири эронӣ ва мақомоти тоҷик ба ин нома вокунише нишон надодаанд.
Расонаҳои дохилии Эрон номаи «Ҷамъияти ҷавонони мусулмони тоҷик»-ро нашр кардаанд, ки дар он гуфта мешавад, «тайи моҳҳои охир мақомоти амниятии Тоҷикистон теъдоде аз шаҳрвандони худро, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳсил кардаанд, бо баҳонаҳои мухталиф боздошт ва ба зиндон маҳкум кардааст.»
Дар ин нома омадааст: «Беш аз 50 тан аз донишҷӯёни муқими Эрон пас аз бозгашт ба кишвар боздошт шуда, мавриди шиканҷаву бозҷӯӣ қарор гирифта, теъдоде аз онҳо озодии машрут гирифта ва теъдоде дигар ба ҷурмҳои мухталиф муттаҳам ва ба ҳасбҳои тулонӣ маҳкум шуданд».
Хабаргузории «Тасним» наздик ба Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон ва шабакаи нимадавлатии хабарии «Донишҷӯ» навиштаанд, мақомоти Тоҷикистон донишҷӯёни тоҷикро, ки дар ин кишвар таҳсил кардаанд, ба ифротгароӣ, терроризм ва ҷосусӣ ба нафъи Эрон айбдор кардаанд.
Муаллифони нома таъкид кардаанд, ки ин донишҷӯён «ба сурати қонунӣ ва иқомати муътабар дар донишгоҳҳои Эрон машғули таҳсил будаанд. Бар асоси иттилои бадастомада, додгоҳи ин афрод пушти дарҳои баста сурат гирифта ва онҳо аз 6 то 14 сол ҳабс маҳкум гаштаанд».
Абдуризо Раҳмонии Фазлӣ рӯзи 23-уми феврал бо президент Эмомалӣ Раҳмон дидор дошт. Вебсайти президенти Тоҷикистон рӯзи 23-уми феврал гуфт, Эмомалӣ Раҳмон ва Абдурризо Раҳмонии Фазлӣ дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон, ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши амниятро баррасӣ карданд.
Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати татбиқи санади амниятӣ, ки миёни ду кишвар ба имзо расидааст таъкид кардааст. То имрӯз миёни ду кишвар беш аз 160 санад, аз ҷумла дар бахши амният ба имзо расидааст. Як рӯз пеш аз он вазири эронӣ бо Рамазон Раҳимзода бо вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода мулоқот дошт.
Муносибатҳои Душанбе ва Теҳрон дар чанд соли ахир чандон ҳамвор набудаанд. Дар поёни соли 2015 равобит миёни Тоҷикистону Эрон бинобар табадуллоти нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифоъ ва генерали собиқ сард шуд. Ҳукумат Ҳизби наҳзати исломиро ҳидоятгари ошӯб эълон дошт ва раҳбарону фаъолони онро боздошт кард. Шаш сол қабл тирамоҳи соли 2015 ҳузури Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар нишасти “Ваҳдати исломӣ” дар Теҳрон хашми Душанберо барангехт.
Он замон расонаҳо акси даст фишурдани Кабирӣ ва Оятуллоҳ Алии Хонаманаӣ раҳбари руҳонии Эронро нашр карданд, ки ба оташи хашми Душанбе равған рехт. Ин нишаст оғози сардии муносибатҳои Теҳрону Душанбе гашт, ки дастикам чаҳор сол идома кард ва ба бастани чанд маркази фарҳангии Эрон ва қатъи воридоти молҳои ин кишвар ба Тоҷикистон сабаб шуд.
Душанбеи расмӣ ғайримустақим ишора кард, ки баъзе аз онҳое, ки табаддулоти нофарҷом ширкат кардаанд, дар тамриингоҳҳои низомии Эрон омӯзиш дидаанд. Пас аз ин робитаҳои ду кишвар хеле тира шуд ва аз замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба пасттарин сатҳ расид. Тоҷикистон ҳамчунин Эронро дар қатли афроди саршинос дар солҳои ҷанги дохилӣ, таблиғи мазҳаби шиа ва сармоягузории Ҳизби наҳзати исломӣ муттаҳам кардааст. Теҳрон ин иддаоро рад мекунад.
Робитаҳои Тоҷикистону Эрон ва равуои мақомоти расмӣ пас аз сафари Ҳасан Руҳонӣ раисҷумҳури Эрон 15-уми июни соли 2019 дубора шурӯъ шуд ва аз нармиш дар равобит аломат медиҳад. Аммо тиҷорат миёни ду кишвар ҳанӯз ночиз боқӣ мемонад. То соли 2014 Эрон дар радаи 3-ум ва гоҳо 4-уми шарикони тиҷорати Тоҷикистон ва гардиши мол то ба 200 миллион доллар дар соле мерасид. Аммо пас аз сардии равобит гардиши мол то сатҳи 60-70 миллион доллар поин омадааст.