Путин ҷаримаҳои ҳангуфти қонуни баҳсбарангези "агенти хориҷӣ"-ро имзо кард

Президенти Русия Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки ҳаҷми ҷарима барои нақзи қонуни баҳсбарангези “агенти хориҷӣ”-ро муайян мекунад. Қонуне, ки матбуот ва фаълони ҳуқуқро ҳадаф қарор медиҳаду ба ин хотир бо интиқоду эътирозҳои ҷамъиятӣ рӯбарӯ шудааст, барои шахсони инфиродӣ ҷаримаро дар ҳаҷми 2500 рубл ($33.5) ва созмонҳо 500 ҳазор рубл ($6,720) муқаррар мекунад. Қонунҳои дигари рӯзи 24 феврал имзокардаи Путин марбут ба намоишҳои эътирозӣ аст. Қонуни нав барои маблағгузории ширкат дар эътирозҳо барои шахсони алоҳида ҷаримаро дар ҳаҷми 15 ҳазор рубл ($200) ва барои мақомот ва ташкилот мутаносибан 30 ҳазор рубл ($400) ва 100 ҳазор рубл ($1,345) ҷарима пешбинӣ мекунад. Қонуни дигари имзокардаи Путин ҷаримаҳои ҳангуфтро барои итоат накардан ба полис ва нирӯҳои амниятӣ пешбинӣ мекунад.

Қонуни Русия дар бораи “агенти хориҷӣ” соли 2012 қабул ва чандин бор таҳрир шуд. Ин қонун аз созмонҳое, ки бо кӯмаки хориҷӣ фаъолият мекунанд, тақозо мекунад, ки худро ба унвони “агенти хориҷӣ” сабтином кунанд. Бар асоси таҳрирҳои нави ин қонун Бахши русии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, шаш идораи дигари марбут ба РАО/РО, аз ҷумла, ТВ «Настоящее время” ҳам “агенти хориҷӣ” номида шуданд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар маҷмӯъ ҳаҷми ҷаримаи сохторҳои РАО/РО 1 миллион долларро ташкил хоҳад дод. РАО/РО ин ҷаримаҳоро “маъракаи аз ҷониби давлат сармоягузоришудаи маҷбуркунӣ ва тарс додан” номида, Департаменти давлатии ИМА “ғайри қобили таҳаммул” номидааст. Созмони Human Rights Watch қонуни “агенти хориҷӣ”-ро “маҳдудкунанда” номида гуфтааст, ки ҳадафаш “бадном кардани гурӯҳҳои мустақил” мебошад. Аз замони сари қудрат омаданаш президенти Русия Владимир Путин фишору маҳдудиятҳои матбуоти озодро бештар кард ва дар шохиси озодиҳои матбуоти созмони “Гузоришгарони бидуни марз” аз миёни 180 кишвар дар мақоми 149-ум қарор дорад.