Шаҳрдории Хуҷанд дар посух ба эътирози сокинони маҳаллаи 19-уми шаҳр аз сохтмони як хонаи баландошёна дар ин ҷо пешгирӣ кард. Дар наздикии хонаҳои он бунёд кардани бинои нав норозигии сокинонро ба миён овард ва онҳо тамоми талошро карданд, ки ба идома ёфтани сохтмон роҳ надиҳанд.
Наргис Камолова, сокини Хуҷанд, яке аз мухолифони сохтани бино нав буд. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Мо бо гапи нағз фаҳмондем, ки инҷо дар ошёнаҳои паст занҳо ҳастанд, ҳамин бино нашавад, хуб мешуд гуфтем, ки ба мо гапҳои пасту баланд заданд. Қариб дашном ҳам доданд ва ҳаракати задан карданд. Гувоҳ низ дорем”.
Хайрулло Аҳмадов, сокини Хуҷанд мегӯяд, ки бинои нав меъёрҳои эҳтиёт аз хатари оташсӯзиро риоят намекард: “Агар дар инҷо бинои нав созанд ба ҳолатҳои ногувори сӯхтор ҷавобгӯ мешавад? Байни ду бино 4 ё 5 метр ҷой монад сӯхторхомушкунҳо чӣ хел кор мекунанд? Дар дигар сохтмонҳои нави маҳалла ҳар сол сӯхтор мешавад, вале мебинем, ки нақлиёти сӯхторхомушкунҳо даромада наметавонанд”.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Раъно Калонова яке дигар аз мухолифони тарҳи хонаи нав мегӯяд, зербунёди маҳаллаи онҳо қадима аст ва системаи обу корезаш ҳам барои ду бинои хурд кифоят намекунад. Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ин ду бинои истиқоматии мо як ташноб дорад ва ҳар моҳ қариб 1 ё 2 маротиба пур мешаваду ба хонаҳоямон мебарояд. Ҳамсояҳое, ки дар ошёнаҳои паст зиндагӣ мекунанд, зуд-зуд ташнобро тоза мекунанд, то ки пасмондаи об дарнамонад. Агар инҷо боз як бинои нав шавад, вазъи ташнобҳои мо чӣ хел мешавад?”
Баҳси ширкати бинокории “Сармояи Сохтмон” бо ин сокинон ҳашт сол боз идома дошт. Пештар ин ҷо 13 гараж ва майдончаи варзишӣ ҷойгир буд ва дар ду бинои наздики он 300 хонавода зиндагӣ мекунанд. Баъди нахустин бор ба имзо расидани қарори сохтмони бино сокинон ба мақомоти нозир шикоят бурда, онро бекор карданд. Вале ширкати “Сармояи Сохтмон” дар асоси иҷозаи 12 сохтори назоратию беҳдоштӣ боз ҳам ба сохтани бино идома дод.
Рустам Абдураҳмонов, ҳуқуқшиноси ширкати “Сармояи Сохтмон”: “Сабаби аз соли 2013 то ин дам анҷом надодани сохтмон ин монеагии истиқоматкунандагони маҳаллаи 19 бинои 1 ва 2 аст. Аммо дар навбати худ аз ҷониби Кумитаи заминсозӣ ва геодезии шаҳр нисбати саривақт иҷро накардани сохтмон ҷарима ҳам татбиқ шудааст. Агар ҳамин парвандаи заминсозӣ ба талаботи меъёр ҷавобгӯ намебуд, қарор қабул намешуд”.
Дар пайи норизоиятии сокинон дафтари матбуотии шаҳрдории Хуҷанд дар Фейсбук навишт: “Дар мавзеъи мазкур, соли 2016 тибқи қарори раиси шаҳр барои бунёди хонаи баландошёна пешбинӣ шуда буд. Баъди муроҷиати сокинон ба иҷрокунандаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, комиссияи махсус таъсис дода шуда, корҳои сохтмонӣ дар ин мавзеъ қатъ карда шуданд”.
Фирдавс Шарифзода, шаҳрдори нави Хуҷанд дар нишастии хабариаш низ чанде пеш гуфта буд, ки соли гузашта ба додситонии шаҳри Хуҷанд 20 эътироз дар мавриди ғайриқонунӣ додани қитъаи замин ворид гардида ва аксари он қарорҳо бекор шуданд.
Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд: “Он қитъаи замине, ки барои сохтани бинои баландошёна ё маркази савдо ҷудо гардидааст ва ғайри нақшаи генералӣ тасдиқшуда мебошанд. Мо ба ягонтои он иҷозати сохтмон намедиҳем”.
Сулаймон Қосимзода, раиси додгоҳи иқтисодии Суғд низ рӯзи 22 феврал гуфт, танҳо соли 2020 дар бораи беэътибор донистани санадҳои меъёрии сохтмон, ки аз ҷониби ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба имзо расидаанд, 7 парванда баррасӣ гардида, чаҳортои он бекор ва дуто рад шудаанд. Якто бе баррасӣ мондааст.
Сулаймон Қосимзода, раиси додгоҳи иқтисодии Суғд: “Аз ҷумла як парвандаро худ ба баррасӣ гирифта маълум кардаам, ки ҳангоми қабули қарор ба нақшаи генералии шаҳрсозӣ мутобиқат накард ва майдончаи варзишӣ дар назди бино ворид нашуда буд”.
Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бештар аз сад қарори раисони ҳукуматҳо вобаста ба сохтмони биноҳо мавриди баҳс қарор гирифта, 64 онҳо бинобар номувофиқатии меъёрҳои Кодекси замин беътибор дониста шудаанд.