Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 22-юми феврал давоми шаш соат дар Сочи бо раҳбари Беларус Александр Лукашенко масоили ҳамгироии ду кишварро баррасӣ карданд. Мулоқоти онҳо дар ҳоле ҷараён гирифт, ки ҳар яки онҳо дар ватан бо эътирозҳои афзояндаи мардумӣ рӯбарӯ ҳастанд ва ҳарду ҳам ба ин норизоиятҳо бо саркӯбу хушунат ва ҳабс посух доданд. Дафтари матбуоти Кремл гуфт, ки дар маркази таваҷҷӯҳи ду раҳбар рушди ҳамкориҳои Русияву Беларус – аз назари “ҳамкориҳои стратегиву шарикӣ”, робитаҳои иқтисодӣ, энержӣ ва ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби як иттиҳод баррасӣ шудааст. Дар қисмате, ки ба он журналистон роҳ дода шуданд, ду раҳбар аз роҳҳои вуруди воксинаи зидди коронавиврус ба Беларус сӯҳбат карданд.