Парлумони  Канада: бархурди ҳукумати Чин бо уйғурҳо наслкушӣ аст

Қабл аз парлумони кишвар, нахуствазири Канада Ҷастин Трюдо ҳам Чинро барои дар қароргоҳи ба истилоҳ бозтарбия ҷой дода шудани 1 миллион мусалмонони маҳаллӣ интиқод карда буд

Парлумони Канада бархурди ҳукумати Чин бо уйғурҳоро геносид ё наслкушӣ номид. Чанд соат пеш аз овоздиҳӣ дар маҷлис, ҳукумати Чин иддао карда буд, ки муомилаи Пекин бо уйғурҳо намунаи пешрафт дар ҳуқуқи башар аст. Парлумони Канада ҳамчунон як санадеро тасвиб кард, ки бар пояи он агар муомилаи сангини ҳукумати Чин бо уйғурҳо идома кунад, бозиҳои олимпии зимистона, ки тибқи нақша соли 2022 дар Пекин мадди назар гирифта шудаанд, ба макони дигар интиқол меёбанд. Сарвазири Канада Ҷастин Трудо ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки гузоришҳо дар бораи таъқиби уйғурҳо ва дигар аққаллиятҳои мусалмон дар вилояти Шинҷон ҷой доранд ва бар пояи гузоришҳои ҳомиёни ҳуқуқ, камаш 1 миллион мусулмонони Шинҷон дар урдугоҳҳои бозтарбия нигоҳ дошта мешаванд. Рӯзи 22-юми феврал вазири корҳои хориҷии Чин ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфт, дар Шинҷон ӯйғурҳо ва аққалиятҳои дигар аз озодиҳои диниву ҳуқуқи кор баҳраманд ҳастанд.