Дар Кӯлоб як маҳаллае ҳаст, ки сокинонаш аз омадани баҳор метарсанд. Инҷо маҳаллаи ҳаштуми шаҳр, дар соҳили руди Тебалай аст. Рӯдхонае, ки ҳар сол ба хонаҳо наздиктар меояду хоби сокинонашро мепаронад.
Барои ҳамин Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода тақсими замин дар инҷоро тавсия надодааст, вале 6 сол пеш заминро тақсим карданд ва мардум хона сохт. Ҳоло метарсанд, ки ин баҳор сел хонаҳояшонро вайрон накунад.
Насиба Қурбонова инҷо зиндагӣ мекунад ва зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ чунин шикоят кард: “Мо аз 2017 дар ҳамин маҳалла зиндагӣ мекунем ва ин руд аз хона хелло дур буд. Аммо ҳар баҳорон сел омада, омада соҳилро калон кардааст. Ҳоло то ҳоҷатхонаам 10 метр мондааст ва ба хонаам 20 метр мондааст.”
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сокинон мегӯянд, ҳангоми тақсими замин мақомот ваъда доданд, ки Тебалайро соҳилбандӣ мекунанд, то сел ба хонаҳо намерасад. Гулчеҳра Ҷобирова бовар карду соли 2017 хона хост, вале ҳоло нигарон аст: “Ҳозир хонаҳо бунёд шуда истодаанд. Аммо ҳамааш қариб дар лаби рӯд аст ва боз бештарашон камбизоат аст. Баҳорон об ба ин рӯд меояд, як даҳшат аст.”
Тебалай, ки баҳорон сероб мешавад, дар инҷо вайронкориҳои зиёде кардаасту ба мардум зиёни зиёд расондааст. Сокинон мегӯянд, ки хатар сол ба сол зиёд мешавад, вале аз соҳилбандӣ дараке нест. Бе он ба гуфтаи мутахассисон хатар зиёд мемонад. Абӯбакр Саидзода, сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи минтақаи Кӯлоб: “Ҳамон хонаҳое, ки шумо дар назар доред, дар ҳақиқат зери хатаранд. Барои сохтани ҳамон хонаҳо мо хулоса надодаем.”
Соҳилбандӣ дар нақша ҳаст ва бояд роҳсозони роҳи Кӯлоб-Шоҳин-Дарвоз онро ба анҷом расонанд. Тебалай аз миёни Кӯлоб мегузарад ва дар ду тарафи рӯд маҳаллаҳои зиёд ҷойгиранд. Мардуми маҳаллаи 8-ум ҳар сол бо омадани баҳор ва фасли обхезӣ метарсанд, ки мабодо рӯдхона дору надори онҳоро ҳам бубарад.