Солгарди таъсиси артиши миллии Тоҷикистон дар рӯзи 23-уми феврал имсол баъд аз қабули қонуни нави хизмати ҳарбӣ таҷлил мешавад. Санаде, ки бори аввал шеваи нави хизмати ҳарбиро пешбинӣ кардааст.
Бар асоси тарҳи нави қонун "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" акнун солона то 10 дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб мешаванд ва хоҳишмандоне, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, метавонанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ шаванд. Қонунро рӯзи 20-уми январи имсол Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қабул кард ва он аз сӯи Маҷлиси миллӣ ва раиси ҷумҳур низ тасвиб шуд.
Ҳарчанд мақомот ҳоло ҳаҷми маблағро муайян накардаанд, аммо сокинон дар ин бора назарҳои гуногун доранд. Бархе аз ин иқдом ҷонибдорӣ мекунанд, ки ба гуфтаашон заминаро барои ташкили як артиши касбӣ ба миён меорад. Вале бархе дигар мегӯянд, беҳтар аст ҷавонон ба артиш раванд ва дар хизмат обутоб ёбанд.
Назари сокинонро дар инҷо бубинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Даврон Асоев, сокини Душанбе мегӯяд, тарзи нави хидмати ҳарбӣ имкон медиҳад, ки дар Тоҷикистон артиши касбӣ, ё шартномавӣ шакл гирад. “Бачаҳои ҷавон то мераванду тайёр мешаванд, хеле вақт меравад, фақат 3-4 моҳ қадамзаниро ёд мегиранд. Ҳарбиёни касбӣ ва омода медонанд, ки чӣ кор кунанд. Мақсад ҳифзи ватан ба дасти одамони касбӣ меафтад,”- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Пули бештар ба даст меояд, барои артиш сарф мешавад
Насриддин Бобоев, сокини дигари Душанбе мегӯяд, тарзи нави хидмат имкон медиҳад, ки давлат маблағи бештар ба даст орад ва барои пурқувват кардани артиш сарф кунад. “Пулашро месупорад, пул ба буҷети давлат меравад, хизмат намеравад, мехонад, ё ягон кори дигар мекунад, ба мо мадад мешавад.”
Аммо бархе дигар ба монанди Шомаҳмад Хоҷаев ҷонибдори хизмати ҳамаи ҷавонон дар артиш ҳастанд. Ба монанди ин сокини шаҳри Ваҳдат чандин ҳамсуҳбати дигари мо гуфтанд, “бигзор ҷавонон бо сари баланд хизмати ватанро анҷом диҳанд. Ин хубтар аст, назар ба пул супоридан.”
Икром, як ҳамсуҳбати дигари мо ҳам Душанбе гуфт, пул додан дуруст нест, чун ба таъкиди ин сокини пойтахт, “хизмат қарзи ҳар як мард аст. Мо магар хизмат накардем? Хизмат кунанд, хуб аст, ду сол ҳеч гап нест, мегузарад.”
Назарсанҷии ғайрирасмии Радиои Озодӣ дар канали Ютюбаш. Барои иштирок дар назарсанҷӣ ба инҷо биравед.
Дар ин назарсанҷии ғайрирасмӣ дар канали Радиои Озодӣ дар Ютуб аз миёни бештар аз 6 ҳазор корбар 74 дар сади онҳо гуфтаанд, ки мухолифи чунин шеваи даъват ба сафи артиш ҳастанд, “зеро дар артиш танҳо фарзандони камбизоатҳо мемонанд.” Шонздаҳ дар сади корбарон гуфтаанд, ки қабули қонуни мазкур кори дуруст буд, зеро маблағеро, ки ба даст меояд, метавонанд, барои артиш сарф кунанд.
Дар миёни тарафдорон ва муқобилони шеваи нави хизмат онҳое низ ҳастанд, ки мунтазири рӯшан шудани масъала аз ҷумла “нархи хизмат” ҳастанд. Сайидалӣ Гулов, сокини ноҳияи Файзобод мегӯяд, бояд нахуст фаҳманд, ки барои озод шудан аз хизмати низомӣ бояд чӣ қадар ба давлат маблағ супорида шавад. “Агар зӯрамон расад медиҳем, нарасад, маҷбурем хизмат кунанд,”-гуфт Сайидалӣ Гулов.
Чанд пул бояд дод, маълум нест
Бо вуҷуди тасвиби "Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва ӯҳдадориҳои ҳарбӣ" ҳанӯз ҳаҷми маблағ барои озод шудан аз хизмат дар артиш муайян нашудааст. Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ дар суҳбат ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гуфтааст, муайян кардани маблағ салоҳияти ҳукумат аст ва масъулин сари ин масъала кор мекунанд.
Муаллифони тарҳи нав бовар доранд, ки ин кор сафи ҷавононро дар нерӯҳои захиравӣ бештар мекунад, чун ҳар шахсе, ки бо пардохти маблағ аз хизмат озод шуд, сарбози захиравӣ ба шумор меравад.
Аммо баъзе аз корбарони Радиои Озодӣ навиштаанд, артиш, ки ҳоло ҳам бештар аз фарзандони хонаводаҳои камбизоат иборат аст, дигар фақат аз онҳое таркиб хоҳад ёфт, ки падару модарашон тавони супурдани маблағро надоранд.
Солона ҳудуди 30 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола дар Тоҷикистон барои хидмат дар артиш ҷалб мешаванд. Теъдоде аз онҳоро ҳам бо роҳи "сарбозшикор" мегиранд. Мақомот ҷавононро ба саркашӣ аз хидмат муттаҳам мекунанд, вале сокинону ҷомеаи шаҳрвандӣ кам кардани муҳлати хидмати сарбозӣ, аз байн бурдани бадрафторӣ бо сарбозон ва беҳтар кардани шароит дар қисмҳои ҳарбиро роҳи ҳалли масъала медонанд.