Рӯзи 23-юми феврал дар Тоҷикистон аз таъсиси артиши миллии Тоҷикистон 27 сол пур мешавад. Ба ин муносибат субҳи 21-уми феврал бо ширкати 8 ҳазор сарбозу афсарон дар Душанбе паради ҳарбӣ баргузор гардид. Бо гузашти наздик ба се даҳсола аз таъсиси артиши миллӣ мақомоти давлат аз шаклгирии як артиши тавоно ва пешрафта ситоиш мекунанд, вале ҳамчунин интиқоду шикоят аз вазъу шароит дар артиш ва сатҳи касбии он садо медиҳад.
Абдураҳим Қаҳҳоров, собиқ дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон рӯзи 20-уми феврал дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, артиши миллии кишвар ҳоло иқтидори инро дорад дорад, ки бо ҳар гуна хатарҳо расидагӣ ва бо омилҳои ноамнӣ мубориза барад. Ӯ афзуд, ки имрӯз артиши Тоҷикистон ба мутахассисони касбӣ таъмин шудааст ва дар сафи он афроди тасодуфӣ намондааст:
“Тамоми ҳайати шахсӣ бо яроқу аслиҳаи муосир таъмин буда, барои иҷрои вазифаҳои ҷангӣ омодаанд”, - мегӯяд ӯ. Аз сӯйи дигар ба гуфтаи Абдураҳим Қаҳҳоров, Тоҷикистон узви чанд созмони минтақавии сиёсӣ ва низомӣ, аз қабили Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ( СПАД) аст, бино бар ин, “дар ҳолатҳое, ки барои мо вазнин шавад, танҳо намемонем”.
Дар ҳамин ҳол баъзе аз огоҳони умур ба иқтидору тавоноии артиши кишвар ба назари шубҳа менигаранд. Раиси ҳизби демократи Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода ҳам зимни ширкат дар мубоҳисаи пешазинтихоботии Радиои Озодӣ, ки 6 феврал нашр шуд, зимни муроҷиати кӯтоҳ ба артиши Тоҷикистон чунин гуфт:
"Ин армияи мо, мебахшед, барои тартиботи дарун аст. Толибон, ДОИШ... Се давлат ҷанг карданд, зӯрашон нарасид. Зӯри мо ба онҳо мерасад? Яъне, ки агар ҳузури Русия дар ин ҷо набошад, ба ҳамин об, мебахшед, дар Рӯшон дарёро саг мегузарад, шикамаш тар намешавад. То зону нест, 50 сентиметр аст”.
Вале на танҳо аз назари посух гуфтан ба чолишҳо, балки аз назари ҳолу ҳавои сарбозон дар артиш ва шароити маишиву иҷтимоии онҳо хидмати низомӣ дар Тоҷикистон зиёд мавриди интиқод аст. Баъзе коршиносон вуҷуди "дедовшина" ё меҳтарсолорӣ дар артиш, камбуди ғизо барои сарбозон ва падидаи номатлуби "сарбозшикор" ё “облава”-ро мушкили аслӣ барои пурқувват шудани нируҳои мусаллаҳи Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.
Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” дар соли 2019 расман шаш ҳолати марги сарбозонро дар артиш сабт кардааст, ки ба қавли масъулони ин созмон, “аксари инҳо ба ҳолатҳои шиканҷа дар қисмҳои ҳарбӣ рост меоянд”.
Намояндагони созмони ҷамъиятии Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯянд, дар асл омори фавтидаҳо аз шиканҷа дар артиш метавонад аз омори сабтнамудаи онҳо низ бештар бошад. Боқӣ мондани чунин мушкилот на танҳо эътибори хидмати ҳарбиро дар кишвар коҳиш медиҳад, балки ба тавонмандиҳои артиш низ таъсири муайян мерасонад.
Маҳдӣ Собир, коршиноси низомӣ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, барои беҳтар шудани вазъ дар артиш бояд ҳарчи зудтар ҷалби ҷавонон тариқи “сарбозшикор” аз байн бурда шавад. Ҳамзамон ӯ артиши кишварро аз лиҳози омодагии касбӣ ва таъминоти техникӣ хуб арзёбӣ намуд.
Аммо коршиноси дигар Марат Мамадшоев мегӯяд, итминон дорад, артиши Тоҷикистон аз ҷиҳати тавонмандиҳои техникӣ аз ақибмондаҳост: “Мо мебинем, ки қувваҳои ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ ҳоло дар кадом сатҳ аст ва чӣ нақшеро мебозад. Шубҳа дорам, ки артиши Тоҷикистон дар ин самт иқтидори сазовор дошта бошад”.
Бо назардошти марзи тӯлонӣ бо Афғонистон, Тоҷикистон аз Амрико, Иттиҳоди Аврупо ва солҳои охир аз Чин ҳам кӯмакҳои зиёди низомӣ дарёфт мекунад. Танҳо дар моҳи январи имсол Амрико ба низомиёни тоҷик мошинҳои сабукраверо барои гузаронидани амалиёти ҳарбӣ бо арзиши беш аз ним миллион доллар тақдим намудааст. Рӯзи 10-уми январ дар маросими тақдими мошинҳо Ҷон Марк Поммершайм, сафири Амрико дар Душанбе ва Суҳроб Маҳмадзода, муовини вазири дифои Тоҷикистон ширкат доштанд. Қаблан низ дар моҳи октябри соли 2018 Амрико ба мақомоти амниятӣ ва нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба маблағи беш аз 8 миллион доллар таҷҳизот дод, ки он замон гуфта мешуд, ки ин техникаҳо дар мубориза алайҳи терроризм ва қочоқи маводи мухаддир истифода хоҳанд шуд.
Аммо бо ин вуҷуд артиши Тоҷикистонро баъзе коршиносон дар миёни кишварҳои минтақа заифтар арзёбӣ мекунанд. Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, артише, ки ба гранту кӯмакҳои дигарон мӯҳтоҷ аст, наметавонад мустақил бошад:
“Барои нерӯманд шудани артиш ва ба сатҳи дигар кишварҳои минтақа расидан, бояд низомиҳо касбӣ бошанд, маблағи кофӣ барои хариди силоҳу тамрини артиш вуҷуд дошта бошад ва билохира ватандӯстӣ ё патриотизм дар артиш ба ҳади баланд расида бошад, ки ягонтои инҳоро мо дар артиши Тоҷикистон мушоҳида намекунем”.
Ба қавли ҳамсӯҳбатамон, мебоист Тоҷикистон баъди имзои созишномаи сулҳ дар моҳи июни соли 1997 ҷангиёни ҳарду тараф - мухолифин ва ҳукуматро ба як артиши касбӣ табдил медод ва дар ин сурат артиши кишвар дар минтақа назир намедошт.
“Аммо ин кор нашуд. Оянда ҳам бе касбӣ кардани артиш, боло бурдани буҷаи он ва аз байн бурдани ҳар гуна “облава”-ҳо артиши кишвар заъифтарин дар минтақа боқӣ хоҳад монд”, афзуд Абдуманнон Шералиев.
Интиқоди таҳлилгарони мустақил аз сатҳи касбияту нерӯмандии артиши Тоҷикистон дар ҳолест, ки Ориф Нозимов, сухангуи Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло артиш бо техникаву муҳимоти ҳозиразамон таъмин буда, ба як артиши касбӣ табдил ёфтааст.
Ӯ гуфт, айни ҳол дар сафи қувваҳои мусалаҳ қушунҳои хушкигард, қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ, қушунҳои зудамал фаъолият мекунанд, ки дар иҷрои вазифаҳои низомӣ саҳми босазо мегузоранд.
Тоҷикистон ба фарқ аз ҳамсоякишварҳояш, ки пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамаи аслиҳаву муҳимоти дар қаламравашон қарордоштаро ба мерос гирифтанд, чизе нагирифт.
Артиши Тоҷикистон дар оғози соли 1993 дар пайи пирӯзии Фронти халқӣ дар ҷанги шаҳрвандӣ аз ҳисоби ҷанговарони ҳамин фронт ташкил шуд. Рӯзи 23-юми феврали соли 1993 дар маркази Душанбе нахустин паради ҷанговарони Фронти халқӣ таҳти парчами артиши давлатӣ доир шуд ва санаи таъсиси нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро ба ҳамин далел аз ҳамон рӯз ҳисоб мекунанд.