Президенти Русия Владимир Путин ва раҳбари Беларус Александр Лукашенко 22-юми феврал дар шаҳри Сочии Русия дидору гуфтугӯ мекунанд. Мулоқоти ин ду раҳбар дар ҳоле баргузор хоҳад шуд, ки ҳардуи онҳо дар дохили кишвар бо эътирозҳои мардумӣ ва фишори афзояндаи Ғарб рӯбарӯ шудаанд. Кремл дар иттилоияи ҳафтаи гузашта гуфт, ки ин ду раҳбар дар баробари мавзӯъҳои дигар инчунин масъалаҳои иқтисодӣ, энержӣ, амният, ҳамгироиро баррасӣ мекунанд. Ин дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо дар фикри ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи Русия ва эҳтимолан зидди Беларус ҳам ҳастанд. Баъди интихоботи баҳсбарангези президентии августи соли 2020, ки Лукашенкоро барандаи он эълон карданд, эътирозҳо саросари Беларусро пахш кард ва мақомот даст ба саркӯбу ҳабси ҳазорҳо эътирозгарон заданд. Дар натиҷа, ИА тадриҷан нисбати мақомдорони Беларус таҳримҳо ҷорӣ карданд. Мулоқоти охирини Путин ва Лукашенко як моҳ баъди интихобот дар моҳи сентябр баргузор шуд ва дар ин дидор Русия гуфт, ки барои кӯмак ба иқтисоди Беларус 1,5 миллиард доллар қарз медиҳад.
Мулоқоти ду раҳбар инчунин дар пасманзари он баргузор мешавад, ки Путин ҳам дар муқобили таҳдиди таҳримҳои нави ИА ва Вашингтон қарор дорад. Қазияи атрофи Навалний ва саркӯби эътирозгарон маҳкумияти ғарбро ба бор овардааст.