Носир Ҳасанов, ҳунарманди шинохтаи тоҷик даргузашт

Носир Ҳасанов. Акс аз навори телевизиони "Сафина"

Носир Ҳасанов, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик, ки солҳои дароз дар театри ба номи Лоҳутии пойтахт кор кардааст, рӯзи 20-уми феврал дар 86-солагӣ даргузашт.

Нурулло Абдуллоев, ҳунарпешаи театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, Носир Ҳасанов то ҳафтае пеш саломату бардам ба назар мерасид, вале субҳи имрӯз хабари даргузашташро фаҳмиданд. Ба иттилои ӯ, Ҳасановро тибқи васияти худаш дар оромгоҳи "Сариосиё" ва дар паҳлӯи қабри модараш дафн мекунанд.

Носир Ҳасанов аз солҳои 60-уми садаи гузашта ба ин тараф дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият дошт. Ӯ пас аз хатми Донишкадаи санъати театрии ба номи А.В. Луначарскии шаҳри Маскав як муддат дар театри Хуҷанд нақш офарид ва баъдан ба театри Лоҳутӣ омад.

Дар ин театр ӯ ҳудуди 60 нақш офаридааст. Аз ҷумла, нақши Освалд дар намоишномаи "Шоҳ Лир"-и Шекспир, Муллоазим дар намоишомаи "Вопасин арӯси амиралмуъминин"-и Фазлиддин Муҳаммадиев, нақши Загареский "Дод аз дасти ақл"-и Александр Грибоедов ва дар даҳҳо намоишномаҳои дигар ҳунарнамоӣ кардааст.

Ортиқи Қодир, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик гуфт, марги Носир Ҳасанов барои ҳунари тоҷик талафоти сангин аст. Вай гуфт бо Ҳасанов дар чанд намоишнома ҳамкорӣ кардаву нақш офаридааст. «Носир Ҳасанов аз насле дар санъати театри тоҷик ба шумор меравад, ки ҳамроҳ бо Маҳмудҷон Воҳидов, Марям Исоева, Ҳошим Гадоев, Ҳабибулло Абдураззоқов ба театри тоҷик тозагӣ оварданд ва дар сабки баёну забон дигаргунӣ ворид намуда мактаби хоси худро замина гузоштанд", гуфт Қодир. Носир Ҳасанов натанҳо дар театр, балки дар филмҳо низ даҳҳо нақшҳои ёдмонданӣ бозидааст.

Аз ҷумла нақши Сафархӯҷа дар филми «Бачаҳои Помир», Қарошир дар филми машҳури «Ниссо», Носир дар филми «Ҳасани аробакаш», Дадаҷон дар филми «Ҷӯра-саркор»-ро бозидааст. Носир Ҳасанов аз соли 1963 узви Итиҳодияи синамогарони Тоҷикистон ва аз соли 1968 узви Иттифоқи ходимони театри Тоҷикистон буд.