Вазорати молия мегӯяд, Чин розӣ шудааст, ки Тоҷикистон 42 миллион доллар қарзашро дар назди ин кишвар бо таъхир баргардонад.
Ин дар ҳолест, ки қарзи хориҷии Тоҷикистон ба 3,2 миллиард доллар расидааст ва беш 1,1 миллаирди он ба давлати Чин рост меояд. Айни ҳол қарзи давлатии Тоҷикистон 46,6 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад. Бархе коршиносон борҳо аз паёмадҳои манфии афзоши қарзи хориҷӣ садо баланд намудаанд. Бо афзоши қарзи хориҷӣ ва фишорҳои пандемияи COVID-19 ба вазъи иқтисоди кишвар ба назар чунин мерсад, ки мақомоти тоҷик бештар дар фикри дарёфти кӯмаку бархурдор шудан аз имтиёзҳои молӣ шудааст.
Тоҷикистон аз кишварҳои сармоягузор хостааст, ки муҳлати бозгардондани баҳраву қарзи хориҷиашро то нимаи соли 2021 ба таъхир андозанд.
Баъди паҳншавии бемории коронавирус, 20 кишвари бузурги саноатии ҷаҳон (G20) тарҳеро рӯйи даст гирифтанд, ки бар асоси он ба кишварҳои рӯ ба рушд имтиёз медиҳанд, то пардохти қарз ва фоизҳои онро ба таъхир андозанд. Тоҷикистон низ ба гуруҳи кишварҳои рӯ ба рушд дохил мешавад ва хостааст аз ин имтиёз баҳра гирад.
Ҷамшед Каримзода, муовини вазири молияи Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал зимни як нишасти хабарӣ гуфт, ғайр аз Чин бо чанде аз кишвару созмонҳои сармоягузор вориду гуфтугу шудаанд, то муҳлати пардохти қарзашонро ба таъхир гузоранд. Намояндагони ин ниҳод гуфтанд, ҳадаф аз пайваст шудан ба ташаббуси гуруҳи G20 ҷудо кардани маблағи бештар ба соҳаи тандурустӣ аст.
Масъулони Вазорати молия дар баёнияи худ чанд дафъа таъкид кардаанд, ки кишвар дар пардохти қарзи хориҷӣ ҳеч мушкил надорад, ҳарчанд мақомот, аз ҷумла Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазир дар соли гузашта гуфта буданд, пандемия иқтисоди Тоҷикистонро дар ҳолати "форс мажор" қарор дод ва кишвар ба ёрӣ ниёз дорад.