Президенти ИМА Ҷо Байден ва нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу телефонӣ ҳамсӯҳбат шуданд. Ин дар ҳолест, ки гузоришҳо дар бораи бо сабаби бо маъмурияти пешини Кохи Сафед равобити беҳтар доштани Нетаняҳу муносибатҳои байни ду кишвар ҳоло начандон ҳамвор аст. Дар изҳороти маъмурияти Исроил, ки 17 феврал нашр шуд, омадааст, “ду раҳбар таҳдиди Эрон” ва дигар масъалаҳо, аз ҷумла, пандемияи COVID-19-ро баррасӣ карданд. Нетаняҳу яке аз охирин раҳбарони кишварҳои муттафиқи ИМА аст, ки баъди дар таърихи 20-уми январ сари кор омадани Байден бо ӯ ҳамсӯҳбат мешавад. Робитаҳои Байден бо Доналд Трамп хеле наздик буд ва ӯ сиёсати ҳимоя аз манфиатҳои Исроилро дунбол карда бо ин амалаш кишварҳои арабиву бархе муттафиқони аврупоиашро нороҳат мекард. Нахуствазири Исроил ҳоло дар пешорӯи як муборизаи пуршиддати интихоботӣ қарор дорад, ки 23 март баргузор мешавад. Ҳамкориҳои хуб бо Вашингтон барои раъйдиҳандагони исроили хеле муҳим аст. Маъмурияти Исроил аввал шуда дар бораи сӯҳбати телефонии ду раҳбар хабар доду акси пуртабассуми нахуствазири ин кишварро ҳангоми сӯҳбати телефонӣ нашр кард. “Сӯҳбати яксоата гарму дӯстона гузашт”, навишт дафтари Нетаняҳу. Дар изҳорот омадааст, ки “ду раҳбар ба робитаҳои тӯлонии хусусии ҳамдигарӣ ва тақвияти ҳамкориҳову шарикии миёни Исроилу ИМА дар оянда таъкид намуданд”.