Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, гумонбар дар қатли ронандаи таксӣ пас аз ду рӯзи фирор боздошт шудааст. Шаби 15‑уми феврал дар маҳаллаи Деҳотии шаҳри Душанбе ҷасади ронандаи таксие пайдо шуд, ки бо 42 зарби корд кушта шудааст. Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 17‑уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бо гумони қатли ронанда ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) боздошт шудааст. “Ҳоло парвандаро дар додситонии ноҳияи Фирдавсӣ тафтиш доранд”, ‑ гуфт ӯ.
Ҳодисаи қатли таксирон дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдеро ба бор овард. Корбарони зиёде аз қатли таксирон дар соати 8‑и шаб дар Душанберо нигаронкунанда унвон кардаанд. Як манбаъ дар мақомоти тафтишотӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки боздоштшуда иддао дорад, ки барои пардохти ҳақи хидматрасонӣ бо ронандаи таксӣ баҳс кард ва дар ҳолати асабонӣ ба ӯ корд задааст. “Ҳоло ин нишондоди пешакии боздоштшуда аст. Сабаби аниқашро тафтишот рӯзҳои наздик маълум мекунад”, ‑ гуфт ӯ.
Ҳодисаҳои ҳамла ба ронандаҳои таксӣ ва ё куштори онҳо ба таври ҷудогона ҳисоб нашудааст, вале гоҳ‑гоҳ мақомот аз куштор ё лату куби ронандаҳои таксӣ хабар додаанд. Соли 2017 мақомот хабар дода буданд, ки ду ҷавон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои 20 сомонии ҳақи хидмарасонӣ як ронандаи таксиро ба қатл расонидаанд.