Собиқ президенти ИМА Доналд Трамп раҳбари гурӯҳи ҷумҳурихоҳҳои Сенат Митч МакКоннелл, сенатор аз Кентаккиро як “рахнагари сиёсӣ” номид ва таҳдид кард, ки бо истифода аз маъруфияташ дар миёни ҷумҳурихоҳҳо дар интихобот аз номзадии афроде пуштибонӣ мекунад, ки бо дидгоҳҳои ӯ мувофиқ ҳастанд. Рӯзи 16 феврал дар изҳороте Трамп МакКоннеллро “як сиёсатмадори рахнагари хастакунанда, берӯҳ ва бетабассум” номид ва гуфт, ки агар сенаторҳои ҷумҳурихоҳ ба ӯ содиқ монанд, ӯ тамоми талошашро ба харҷ медиҳад, то дар интихоботи баъдӣ онҳоро мағлуб кунад. Изҳороти Трамп аломати дигар аз афзоиши хусуматҳо дар дохили ҳизби Ҷумҳурихоҳ баъди аз рӯи қазияи ҳамла ба Конгресс дар таърихи 6-уми январ “сафед” шудани президенти пешин арзёбӣ мешавад. МакКоннел дар овоздиҳӣ мухолифи гунаҳгор эълон шудани Трамп овоз дод, вале айни замон президенти собиқро “аз ҷиҳати амаливу ахлоқӣ масъули” он беназмиҳо номид. МакКоннелл инчунин гуфтааст, ки Трамп барои ҳар он чи ки гузашт, масъул аст ва барои ба ҷавобгарӣ кашидани ӯ додгоҳҳо макони муносиб мебошанд. Як узви ҳизби демократ, ки 16 феврал ба додгоҳ муроҷиат кардааст, Трампро дар нақзи “Қонуни Куклусклан” аз соли 1871 гунаҳгор кард. Ин қонун, ки баъди хатми ҷанги шаҳрвандии ИМА қабул шудааст, ҳимояти ҳуқуқи амрикоиҳои африқоитабор ва хатми давраи ғуломдориро кафолат медиҳад.