Таҳқиқи марги Шерафган Ҳоҷақулов, корманди Бахши амнияти фурудгоҳи байналмилалӣ ба поён расида, ба додгоҳ ирсол шудааст. Хабари худкушии Шерафган Хоҷақулов рӯзи 26-уми октябри соли гузашта нашр шуда буд.
Масъулини Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мегӯянд, ки дар нисбати худи Шерафган ва ду ҳамроҳи дигараш ба иттиҳоми "қаллобӣ" парванда боз шуда, тафтишот анҷом ёфтааст. Таҳқиқотро Додситонии нақлиёти Тоҷикистон анҷом дода, ба Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол кардааст.
Аслиддин Меликов, муовини раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе рӯзи 15-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ин се нафар аз чанд шаҳрванд барои харидани чиптаи парвоз аз Душанбе ба Русия 109 ҳазор сомонӣ гирифтаанд, вале дар иваз ба онҳо чипта надодаанд.
Ба гуфтаи муовини раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, як нафар аз ҳамроҳони Шерафган Ҳоҷақулов бо номи Ҷамшед Саломов ҳоло дар боздошт ва ҳабси пешакӣ қарор дорад ва фарди савум фирор кардааст.
Масъулини фурудгоҳ ҳамзамон ин гуфтаро, ки Шерафган бинобар пардохт нашудани маошаш даст ба худкушӣ задааст, радд карданд. Меликов афзуд, ки ба Хоҷақулов ба иловаи маош, кӯмакҳои дигар низ карданд.
Наздикони Шерафган Хоҷақулов иттиҳоми даст доштани ӯро дар қаллобиро рад мекунанд. Онҳо мегӯянд, интизор доштанд, мақомот шахсоне, ки Шерафганро ба ин аҳвол расонидаанд, пайдо ва муҷозот мекунанд. Онҳо гуфтанд, ки ӯ нӯҳ моҳ маош нагирифта буд ва як сабаби асабонияташ дар чанд рӯзи ахири қабл аз ҳодиса ҳамин буд.
Хоҷақулов дар ҳоле даст ба худкушӣ зад, ки чанд моҳ қабл низ чандин корманди фурудгоҳи Душанбе аз нагирифтани маош шикоят карда буданд. Ин кормандон моҳи июли соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, аз 20-уми март инҷониб дастмузди худро гирифта наметавонанд.
Мақомоти фурудгоҳ гуфта буданд, ки кормандони Бахши амният, ки дар давраи пандемия ва қатъи парвозҳо сари кор буданд, ҳар моҳ маошашон пардохт мешуд. Дар фурудгоҳи Душанбе ҳудуди 1500 нафар фаъолият мекунанд.