Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов барои гуфтугӯ бо мақомоти афғон ба Кобул рафтааст. Президент Эмомалӣ Раҳмон ҳам бо ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ телефонӣ гуфтугӯ кардааст.
Бо он, ки дар мавриди сафари Ятимов ба Афғонистон мақомот дар Душанбе иттилое нашр накардаанд, аммо ҷониби Афғонистон ҷузъиёти онро ошкор кардааст. Оқои Ятимов дар Кобул бо Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон, Ҳамдуллоҳ Муҳиб, раиси Шӯрои амният, Муҳаммадҳаниф Атмар, вазири умури хориҷӣ ва мақомоти дигари он кишвар мулоқоту гуфтугӯҳо доштааст.
Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои мусолиҳаи миллии Афғонистон дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки дар мулоқот бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймуъмин Ятимов, дар мавриди талошҳои сулҳ, охирин таҳаввулот дар музокироти Давҳа, вазъияти амниятӣ, робитаҳои дуҷониба ва вазъи марзи миёни Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳсҳо сурат гирифт.
Муҷибраҳмон Раҳимӣ, аз ёварони Абдуллоҳ Абдуллоҳ ҳам дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки "нигарониҳои амниятӣ, мубориза бо даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ мавриди баҳс қарор гирифт". Ӯ дар идома навишт, "кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ояндаи номаълуми талошҳои сулҳ, эҳтимоли афзоиши даргириҳо, нуфузи даҳшатафканон ба сӯи Осиёи Миёна, афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва ... нигаронанд. Ба ин делел, сулҳ дар Афғонистонро сулҳ дар минтақа ва Осиёи Маркази ва фасли наве аз тиҷорат ва пайванди минтақавӣ медонанд".
Вазорати умури хориҷии Афғонистон ҳам пас аз мулоқоти Муҳаммадҳаниф Атмар ва Саймуъмин Ятимов дар баёнияе таъсиси Комиссияҳои амниятӣ ва марзӣ миёни ду кишвар дар сатҳи Шӯрои амнияти миллӣ ва ниҳодҳои марзбонии ду кишварро муҳим донист ва гуфт, ин мавзуъро дар нишасти сеҷонибаи Афғонистон-Амрико-Тоҷикистон матраҳ хоҳанд кард.
Ин дувумин сафари раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Афғонистон дар шаш моҳи ахир аст. Ҳайати Тоҷикистон бо раҳбарии Ятимов рӯзҳои 9-11 сентябри соли гузашта низ ба Кобул сафар карда, бо мақомоти афғон гуфтугӯ карда буд.
Сафари раҳбари амниятиҳои тоҷик ба Кобул дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 11-уми феврал президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои афғонаш Ашраф Ғанӣ телефонӣ суҳбат кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, раванди сулҳи байниафғонӣ, ҳифзи марзҳои давлатӣ, мубориза бо терроризм ва экстремизм, ҳамчунин тарҳҳои иқтисодӣ ва тиҷорӣ, аз мавзӯъҳои мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо будааст.
Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ дар масъалаи баргузории Конфронси нуҳуми вазирони корҳои хориҷии "Қалби Осиё – Раванди Истамбул", ки қарор аст охири моҳи марти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон баргузор шавад, низ гуфтугӯ кардаанд.
Ин дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран гуфтугӯҳо миёни намояндагони ҳукумати Афғонистон ва гурӯҳи Толибон дар Давҳа ба мушкил рӯбарӯ шудааст. Бархе аз мақомоти афғон Толибонро муттаҳам карданд, ки ба ҷанг дар фасли баҳор омодагӣ мегиранд. Тоҷикистон дар гузашта гуфта буд, ки аз раванди сулҳ дар дар Афғонистон бо раҳбарии ҳукумати он кишвар ҳимоят мекунад.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи назораташ душвор дорад. Дар Афғонист беш аз чиҳил сол боз ҷанг идома дорад ва талошҳо барои созиши сулҳ ҳанӯз ба ҷое нарасидаанд. Мақомоти тоҷик ҳамвора аз таҷаммуи ҷангиёни хориҷӣ дар марзҳояш бо Афғонистон, ки дар миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳастанд, нигаронӣ мекунанд.