Карим Хон додситони нави Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг шуд

Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар Ҳейг

Кишварҳои узви Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ҳуқуқдони бритониёӣ Карим Хонро додситон таъин карданд. Бо ин кор замина барои поёни маъмурияти додситони ҳозира, Фату Бенсуда, фароҳам шуд.

Дар мавриди таъини додситони нав ихтилофҳои ҷиддӣ вуҷуд дошт.

Карим Хон дар баробари намояндагони Итолиёву Испания номзад буд ва дар марҳилаи дувуми овоздиҳӣ муваффақиятро ба даст овард.

Ӯ муддати 9 сол дар ин мақом кор хоҳад кард. Фату Бенсуда, ки ҳоло раҳбарии баррасиҳоро дар мавриди иддаои куштори дастҷамъӣ ва иқдомоти зиддиинсониву ҷинояти ҷанг аз сӯйи ДОИШ дар Ироқ пеш мебарад, дар моҳи июн бознишаста мешавад.

Додгоҳи Ҳейг 123 узв дорад ва дар соли 2002 бо ҳадафи таҳқиқи ҷурмҳои зиддибашарӣ, қатли ом ва ҷинояти ҷанг ташкил шуд.