Бритониё сафирашро дар Тоҷикистон иваз кард

Тим Ҷонс

Ҳукумати Бритониё Тим Ҷонсро сафири ояндаи худ дар Тоҷикистон эълон кард. Ӯ моҳи сентябри имсол дар Душанбе ба кор мепардозад ва дар ин мансаб Метю Лоусонро иваз мекунад. Мақомоти Бритониё гуфтанд, Лоусон барои хидмати дипломатӣ ба ҷойи дигар меравад.

Тим Ҷонсон дар гузашта мушовир ва ҳамоҳангсози барномаи мубориза бо терроризми Иттиҳоди Аврупо буда, дар сафоратҳои Бритониё дар Арманистону Эрон низ кор кардааст. Оиладор ва соҳиби ду фарзанд.

Метю Лоусон, сафири ҳозираи Бритониё дар Душанбе, моҳи июли соли 2019 ба кор пардохт. Пештар аз ин, Ҳю Филпотт намояндаи Бритониё дар Тоҷикистон буд. Ҳоло ӯ сафир дар Туркманистон аст.

Муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистону Бритониё соли 1992 оғоз шуда, намояндагии расмии Лондон дар Душанбе соли 2001 боз гардидааст.

Бритониё тавассути созмонҳои имдодӣ яке аз кумакрасонҳои муҳими Тоҷикистон ба шумор меравад. Ширкатҳои Бритониё дар Тоҷикистон дар солҳои гузашта бештар дар риштаи истихроҷи тило ва фулузоти рангаи дигар фаъол буданд, вале дар солҳои охир ҳузури сармояи бритониёӣ дар иқтисоди кишвар камрангтар аст.