Ҷаласаи ИА ва Тоҷикистон наздик аст. Ду тараф аз чӣ хоҳанд гуфт?

Мерилин Йозефсон

Ҷаласаи Шӯрои ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон рӯзи 19-уми феврал баргузор хоҳад шуд.

Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе, Мерилин Йозефсон, рӯзи 12-уми феврал дар Фейсбук навишт, охирин омодагиҳо ба ҷаласа дар мулоқот бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷӣ танҳо ду ҷумла дар бораи мулоқот бо сафири аврупоӣ хабар дода шудааст, аммо ҷузъиёти диду боздидҳо нашр намешавад.

Ба навиштаи дипломати аврупоӣ, раҳбарии ҷаласаи Шӯрои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии Португалия, Аугусто Сантос Силва, ба уҳда мегирад. Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, бо сабаби маҳдудиятҳои сафар дар давраи пандемияи коронавирус, ҷаласаи имсолаи Шӯро онлайн баргузор хоҳад шуд.

Барномаи ҷаласа феълан нашр намешавад. Дар гузашта, мақомоти аврупоӣ дар чаҳорчӯби Шӯрои ИА ва Тоҷикистон дар бораи бахшҳои васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, дар бахши сиёсату иқтисод муколама барпо мекарданд. Масъалаҳое ба монанди поймолшавии ҳуқуқи башар ва сарнавишти зиндониҳои сиёсӣ яке аз масоили матраҳ дар ҷаласаҳои солҳои охир будааст.

Ҷаласаи навбатӣ баъди он мегузарад, ки дар Тоҷикистон интихоботи президентиву порлумонӣ баргузор шуд ва аз дидгоҳи мухолифону созмонҳои ҳомии демократия ба меъёрҳои интихоботи озоду одилона ҷавобгӯ набуданд. Интихоботи президентии Тоҷикистон муҳлати раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз соли 1994 дар сари қудрат аст, барои 7 соли дигар дароз кард.

Яке аз машваратҳои ҷаласаи гузаштаи Шӯрои ҳамкориҳои ИА ва Тоҷикистон, ки 10-уми декабри соли 2019 дар Брюссел ҷараён гирифт, “бозтар кардани фазои сиёсии Тоҷикистон” дар остонаи интихоботи порлумонӣ ва президентии соли 2020 буд.

Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 2014-2020 ба Тоҷикистон дар умум 227 миллион евро ёрӣ кардааст, ки ин маблағҳо ба бахшҳои маориф, беҳдошт ва рушди деҳот равона шудаанд.

Бар асоси стратегияи пешини ИА барои Осиёи Марказӣ дар давоми 7 соли гузашта ба тамоми кишварҳои минтақа 1 миллиард евро кумаку барномаҳо ироа шудааст ва интизор меравад, бар асоси стратегияи нав ин ёриҳо афзоиш ёбанд.