Дар Тоҷикистон 17245 ҳолати гирифторӣ ба саратон ба қайд гирифта шудааст. Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, ки рӯзи 12 феврал дар Душанбе ба саволҳои журналистон посух медиҳад, гуфт, “проблемаи зиёдшавии саратон на танҳо дар Тоҷикистон, балки дунё мушоҳида мешавад”.
Ба иттилои мақомоти тиб, дар Тоҷикистон афзоиши ҳодисаҳои гирифторӣ ба саратон мушоҳида мешавад ва соли 2019 ташхис нишон додааст, ки дар Тоҷикистон шумори умумии гирифторони саратон беш аз як ҳазор нафар зиёд шуда, ба 16,300 нафар расидааст. Саратоншиносони тоҷик мегӯянд, баъди бемориҳои марбут ба дил, саратон дар ҷои дуюм меистад. Саратони сина дар миёни занон дар ҷои аввал буда, дар ҷои дуюм саратони узвҳои занона, баъди он саратони меъда дар миёни мардон ва саратони узвҳои мардона қарор доштааст.
Вазири беҳдошт гуфт, ташхиси доимӣ ва муроҷиати саривақтӣ ба мутахассиси тиб метавонад дар муолиҷаи саривақтии саратон мусоидат кунад. Машварати тиббӣ ин аст, ки соле як бор аз ташхиси тиббии саратон бояд гузашт.