Чиниҳо аз канори Сир рафтанд, хонаро ҳукумати Хуҷанд месозад. ВИДЕО

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед

Шаҳрдори Хуҷанд гуфт, ба камияш то охири моҳи марти имсол ба оилаҳое, ки зимни тарҳи "шаҳраки чинӣ" аз хонаҳояшон маҳрум шудаанд, манзил хоҳанд дод.

Фирдавс Шарифзода рӯзи 9-уми феврал ва дар нишасти матбуотӣ гуфт, “алакай 90 дарсади кор дар маҳаллаи 18-ум иҷро шудааст. Кӯшиш мекунем, то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ онро ба итмом расонем. Албатта, Шуморо даъват мекунем ва ҳамроҳ хонаро ба сокинон месупорем.”

Ширкати сохтмонии "Ҳусноро-1", ки моликонаш шаҳрвандони Чин ҳастанд, соли 2015 дар як маҳаллае дар наздикии рӯди Сир 32 хонаро вайрон кард, то силсилаи биноҳои бисёрошёна бисозад, аммо дертар аз иҷрои тарҳ даст кашид.

Ин оилаҳо зиёда аз 5 сол боз дар хонаҳои иҷора зиндагӣ мекунанд. Ҳарчанд пули манзили иҷораро ҳукумати Хуҷанд медиҳад, сокинон дар суҳбатҳои қаблӣ бо Радиои Озодӣ гуфта буданд, интизории зиёд онҳоро нигарон кардааст.

Тарҳи маҳалла, ки онро "China Тown" меномиданд, дар маркази вилояти Суғд моҳи августи соли 2015 бо мудири кулли ширкати "Пекин" Ҷао Шин Ҷо ва гурӯҳе аз меъморонии Чин ниҳоӣ шуд. Бар асоси тарҳ дар инҷо бояд 15 бинои бисёртабақа барои 1200 оила мактаби чаҳорошёна ва дигар иншооти иҷтимоӣ сохта мешуд.

Шаҳрдорӣ мегӯяд ин ширкат бо сабаби техникии "баланд будани сатҳи об" ва "масъалаҳои дигар" шаҳракро насохт. "Масъалаҳои дигар"-и байни мақомоти Тоҷикистон ва ширкати чинӣ ва зараре, ки аз ин тарҳи иҷронашуда пеш омад, маълум нест. Ҷониби Чин то ҳол дар ин бора изҳори назар накардааст, вале акнун "товон"-и хонаҳоеро, ки ширкати чинӣ вайрон карду насохт, ҳукумат мепардозад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

"Сhina Town" дар Хуҷанд рӯи коғаз мондЧин қавл дод, ки дар Хуҷанд шаҳраки ваъдагиро месозад. ВИДЕОЧаро "China town" ях баст? ВИДЕОТаъхир дар сохтмони "China town" сокинонро нигарон кардааст