Раиси Бонки миллӣ гуфт, пули муҳоҷирон кам шуд, аммо нагуфт чӣ қадар

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллӣ

Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, гуфт, интиқоли пули муҳоҷирон дар соли гузашта кам шудааст, аммо сарфи назар аз пойфишории хабарнигорон, аз гуфтани омори дақиқ худдорӣ кард.

Масъалаи интиқоли пули муҳоҷирон рӯзи 10-уми феврал дар як нишасти матбуотӣ баҳси гармеро миёни хабарнигорон ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба миён овард. Ҳоким Холиқзода танҳо гуфт, соли гузашта муҳоҷирон 6,3 дарсад камтар пул фиристодаанд.

Ҳадди ақал панҷ хабарнигор аз Холиқзода пурсиданд, ки рақами мушаххасеро бигӯяд. Аммо раиси Бонки миллӣ аз посухи рӯшан ба суол фирор кард ва танҳо гуфт, “феълан наметавонам ин оморо бигӯям, барои онки интиқоли маблағҳо аз чанд роҳ сурат мегирад. Аз тариқи кушодани суратҳисоб ва бе кушодани суратҳисоб. Барои ҳамин, ҳоло рақами мушаххасро гуфта наметавонам.”

Пеш аз ин дар моҳи июли соли гузашта Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси собиқи Бонки Миллӣ, ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфта буд, дар шаш моҳи аввал муҳоҷирон ба Тоҷикистон 195 миллион доллар камтар фиристодаанд. Вай он замон таъкид кард, ки дар шаш моҳ муҳоҷирон ба кишвар 999 миллион доллар интиқол доданд.

Худдории раиси нави Бонки миллии Тоҷикистон аз ироаи маблағи интиқолдодаи муҳоҷирон дар ҳолест, ки ҳар се моҳ Бонки марказии Русия интиқоли маблағ ба кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро нашр мекунад.

Тибқи иттилои охири ин бонк, дар нӯҳ моҳи соли гузашта тавассути шабакаҳо аз Русия ба Тоҷикистон 1 миллиарду 224 миллион доллар интиқол ёфтааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 37 дарсад камтар аст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои ҷаҳон аст, ки муҳоҷирони кориаш солона миллионҳо доллар ба хонаводаҳояшон мефиристанд ва пулҳои фиристодаи онҳо барои иқтисоди кишвар низ фавқуллода муҳим аст.

Сатҳи некӯаҳволии ҳар чаҳорумин оила дар Тоҷикистон ба пули интиқолии муҳоҷирон вобастааст, вале соли гузашта ба сабаби пандемия ва баста будани марзҳо бахши маъзами муҳоҷирон ба Русия рафта натавонистанд ва онҳое, ки дар Русия буданд, қисман ҷойи ко рва даромади худро аз даст доданд.