Вазорати мудофеаи Қазоқистон лоиҳаи қарорро дар бораи тақдими кумаки ҳарбию фаннӣ ба Тоҷикистон таҳия кардааст. Дар ин бора расонаҳои қазоқӣ хабар медиҳанд. Ин кӯмакҳо аз миқдори зиёди тир барои артиши Тоҷикистон иборат аст ва он бояд тавассути роҳи оҳан расонида шавад. Ҳам Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон ҳақ надоранд техникаи низомии аз Ҷумҳурии Қазоқистон гирифташударо ба кишвари сеюм бидиҳанд.