Олмон маҳдудиятҳои нисбии марбут ба пандемияро тамдид мекунад

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва вазири иқтисоди ин кишвар Питер Алтмайер

Рӯзи 10 феврал дар Олмон садри аъзам Ангела Меркел ва раҳбарони 16 минтақаи федеролӣ масъалаи тамдиди маҳдудиятҳои нисбии вобаста ба пандемияи коронавирусро дар ҷаласае баррасӣ мекунанд. Ин ҷаласа дар ҳолест, ки дар баробари талошҳои суръат бахшидани эмкунии оммавии аҳолӣ ба муқобили коронавирус, мушаххас шудааст, ки бархе воксинаҳо тавони муқовимат бо коронавируси навъи Африқои Ҷанубиро надоранд.

Дар Австрия, ба гуфтаи нахуствазир Себастиан Куртс, сокинони минтақаи Тирол бояд ҳангоми берун шудан аз ин вилоят бояд ҳатман бо худ тести манфии коронавирус дошта бошанд. Ҳолатҳои бештарини олудашавӣ ба навъи Африқои Ҷанубии коронавирус дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо маҳз дар Тирол мушоҳида мешавад. Дар Испания шумори олудашудаҳо ба коронавирус аз 3 миллион нафар гузашт ва ин кишвар барои Бритониё, Африқои Ҷанубӣ ва Бразилия, ки навъи коронавируси Африқои Ҷанубӣ он ҷо зиёд аст, то 2 март маҳдудиятҳоро тамдид кард. Дар Атени Юнон аз 11-уми феврал даври сеюм ва сахти маҳдудиятҳо ҷорӣ мешавад. Дар Булғористон мақомот гуфтанд, бо вуҷуди зиёд будани олудашавиҳо, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ намешаванд. Дар Фаронса ҳам мақомот гуфтанд, ки бо вуҷуди зиёд будани ҳолатҳо, вазъ мӯътадил аст, аз ин рӯ маҳдудиятҳои нав ҷорӣ намекунанд.

Дар бахши воксинаҳо Алекс Горки, раҳбари кулли ширкати азими дорусозии Johnson & Johnson гуфт, бо сабаби омехтаву тағйирпазир будани вирус, эҳтимолан ҳар сол зарур мешавад, ки мардум ба муқобили COVID-19 эм карда шаванд.