Полис дар Мянмар барои пароканда кардани эътирозгарони кудатои низомӣ ба ҳаво тир кушода ба сӯи мардум об пошид. 9 феврал дар пойтахти Мянмар шаҳри Нейпидо рӯзи чоруми эътирозҳои зиддҳукуматӣ баргузор шуд. Мардум инчунин аз ҳабс озод кардани раҳбари интихобшудаи ин кишвар Аун Сан Суҷиро талаб карданд. Раҳпаймоиҳои эътирозӣ дар ҳолест, ки низомиёни қудратро бадастоварда таҳдид кардаанд, ки бо шадидтарин шева муҷозот мекунанд. Эътирозгарон талаб доранд, ки ҳукумати қонунии маданӣ барқарор шавад ва Сан Суҷиву дигар раҳбарони ҳабсшуда ба озодӣ бароянд. Ғасби қудрат аз ҷониби гурӯҳи низомиён дар Мянман маҳкумияти ҷомеаи ҷаҳониро ба бор овард.