Рӯзи 8-уми феврал дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек тазоҳурот сурат гирифт. Эътирозгаронро суханони нахуствазири нав ба хашм овардааст.
Сухан дар бораи обанбори Торткӯл, дар наздикии марзи Тоҷикистон ва як наҳри он меравад. Улуғбек Марипов ҳафтаи гузашта, пеш аз он ки раиси ҳукумати Қирғизистон шавад, гуфт, "афсӯс, мо саргаҳи наҳрро додем. Ман инро аниқ кардам. Инҷо масоили стратегӣ аст."
Баёнияи Марипов дар ҷомеаи Қирғизистон баҳс барангехт. Норозиён дар назди бинои ҳукумати вилояти Бодканд низ тазоҳурот карданд. Вакили мардумӣ, Тозабек Икромов, хостори нишасти фаврӣ шуд, то масъалаи стратегӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад.
Сокинони вилояти Бодканд нигарон шуданд, чунки иншоот бисёр муҳим аст.
Раҳимбердӣ Абдухалил-улу, сокини деҳаи Куктоши Бодканд, гуфт: "Шояд дар бораи он чизе намедонад, ки чунин гуфт. Агар баёнияаш бародарони тоҷикро асабонӣ кунад ва агар ба мисли соли 2014 низои мусаллаҳона сурат гирад, ҷавобашро кӣ медиҳад? Бояд ин масъаларо ба инобат гирифта, андеша кунанд ва суханашонро санҷида гӯянд."
Дар моҳи январи соли 2014 дар маркази тақсими об байни Тоҷикистону Қирғизистон даргирӣ сурат гирифт ва дар он ҳодиса аз ду тараф нӯҳ кас маҷруҳ шуд. Маркази тақсими обро солҳои 60-ум бо дархости Қирғизистон сохтаанд.
Баъд аз сару садо дар матбуот Улуғбек Марипов муроҷиати видеоӣ нашр кард ва гуфт, суханонашро тағйир додаанд, вале манзураш дигар буд.
Вай гуфт: "Сухан дар бораи наҳри Қайирма дар деҳаи Оқсой буд. Аниқтараш дар ҳамсоягии Оқсой. Ин наҳр дар 500-600-метрии обанбор ҷойгир аст. Ба ғайр аз ин, сухан дар бораи рӯди Оқсу меравад. Манзури ман ҳамин буд, вале афсӯс, ки баъзе нерӯҳо дигаргуна таъбир карданд ва ман инро мефаҳмам."
Гулҷигит Исҳоқов, узви "Чек ара", мегӯяд, ин сухан метавонад барои низоъ дар оянда замина гузорад. Ба қавли ӯ, "сарвазир шарҳ дод, ки сухан дар бораи обанбори асосӣ намеравад. Ва гап дар бораи Қайирма аст. Қайирма низ ба Қирғизистон тааллуқ дорад."
Дар Тоҷикистон расман масъаларо шарҳ надодаанд. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ танҳо ҳаминро гуфт, ки "ҳамаи ин даъвоҳо беасос ҳастанд. Мо танҳо дар доираи Комиссияи байнидавлатии ду кишвар оид ба делимитатсия ва демаркатсия, ки имрӯзҳо кори худро пеш мебарад, ҳамкорӣ дорем."
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр аст. То кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд.
Баъзан дар ҳамин минтақаҳо ва барои тақсими обу замин ва чарогоҳ ҷанҷолу тирандозӣ сурат мегирад ва то кунун чандин нафар аз ду тараф куштаву захмӣ шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Фурқат Абдуфаттоевро, ки бо талаби Бишкек дар Русия боздошт шуд, 1 моҳ ба ҳабс гирифтанд. ВИДЕОАз дӯстию ҳамкорӣ то даъвои “фурӯбарии Тоҷикистон”. Нигоҳе ба матолиби расонаҳои Чин"Дар марз" -- филм дар бораи низоъҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар Теҳрон ҷоиза гирифтСокинони Қирғизистон баъд аз дахолати мақомоти ду кишвар роҳи Ворух – Исфараро кушодаандТоҷикистону Қирғизистон масъалаи "марзи ҷанҷолӣ"-ро баррасӣ карданд. ВИДЕОСодир Ҷабборов музокиротро роҳи ҳалли баҳсҳои марзӣ донистҲалокати як сокини Чоркӯҳ ва захмӣ шудани сардори дидбонгоҳи "Кӯктош"Дар чарогоҳ, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, чӣ иттифоқ уфтод?