Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Содир Ҷабборов музокиротро роҳи ҳалли баҳсҳои марзӣ донист


Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

Содир Ҷабборов, нахуствазир ва ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи президенти Қирғизистон, хостори ҳалли фаврии баҳсҳои марзӣ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Тоҷикистон, шудааст.

Ӯ рӯзи 26-уми октябр дар суҳбат бо раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ба зудӣ бо сафари корӣ ба вилоятҳои Бодканд ва Ӯшу Ҷалолобод рафта, бо мушкили марзӣ аз наздик ошно мешавад.

"Барои рух надодани ҳаргуна ҳодиса бояд ҳалли ин масъала кашол наёбад. Сокинони минтақаҳои наздимарзӣ бояд дар шароити оромӣ ва субот зиндагӣ кунанд", -- афзудааст ӯ.

Изҳороти Содир Ҷабборов баъд аз он садо дод, ки рӯзи 25-уми октябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тирпарронӣ шуд. Сокинони деҳаи Хоҷа Аълои шаҳри Исфара гуфтанд, лӯлаи оби ошомиданиро дар мавзеи Мулломалик таъмир карданӣ буданд, вале марзбонони қирғиз ба ҳаво тир кушода, монеи корашон шудаанд.

Мақомоти марзбонии ду кишвар фавран ба ин ҳодиса вокуниш карданд. Дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар як изҳорот гуфтааст, шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаи баҳсӣ лӯлаи об мекашиданд.

Хабаргузории давлатии "Ховар" ба нақл аз маркази матбуотии нерӯҳои марзбони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон навишт, "ин қитъа қаламрави ҷумҳурии Тоҷикистон аст".

Тоҷикистон ва Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба созиш расанд ва хатти марзро бикашанд. Аз ин рӯ, зуд-зуд дар ин минтақаҳои баҳсӣ муноқиша сар мезанад.

Содир Ҷабборов ба муайяну аломатгузории марз бо роҳи гуфтугӯ таъкид кардааст. Дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон аз қавли ӯ навишт: "Ҳамаи мушкил роҳи ҳал дорад. Ҳамгуна масъалаҳоро мешавад бо роҳи гуфтугӯ ҳал кард."

XS
SM
MD
LG