Шоҳиён ба даъвои Баҳром Иноятзода ҷавоб гуфт

Баҳром Иноятзодаро ба 12 сол зиндон маҳкум карданд ва ӯ гуфт, дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, сухани Баҳром Иноятзода, шаҳрдори пешини Кӯлобро дар бораи набудани адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон "гапи хушку холӣ" номид. Иноятзодаро рӯзи 20-уми ноябри соли гузашта ба 12 сол зиндони низомаш сахт маҳкум карданд, вале ӯ бо норизоятӣ гуфт, "дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ нест".

Раиси Додгоҳи олӣ рӯзи 8-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "Баҳром Иноятзода дар содир кардани чанд ҷиноят, аз ҷумла гирифтани пора, суистифода аз мансаб ва ғайра айбдор шуд ва бояд аз худаш мепурсид, ки чаро дар курсии судшаванда нишастааст".

Шермуҳаммади Шоҳиён дар нишасти хабарии 8-уми феврал

"Вай ҷиноят содир кардааст, барои кирдорҳои ҷинояткоронаш ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, ин чӣ алоқамандӣ дорад ба набудани адолати судӣ? Ин даъвои беасос ва гапи хушку холӣ аст. Дар Тоҷикистон адолати судӣ ҳаст ва ба пуррагӣ таъмин аст”, -- гуфт Шермуҳаммади Шоҳиён.

Вале Баҳром Иноятзода ва пайвандонаш дар мурофиаҳои додгоҳӣ иттиҳомоти ба зидди ӯ эълоншударо беасос хонданд.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 22-юми январ хабар дод, ки Баҳром Иноятзода "аз 13 кас ришва гирифта, маҳсулоти хайрияро тасарруф кардааст" ва "баръало бо роҳи ҷиноят даромад ба даст овардааст".

Вале намояндагони Додситонии кул шарҳ надодаанд, ки манзур аз тасарруфи маҳсулоти хайрия чист. Оё ба тақсими кумакҳои байнулмилалӣ ба осебдидагон аз коронавируси нав рабт дорад ё ҳодисаи дигар аст.

Баръакси он ки Баҳром Иноятзода дар вокуниш ба ҳукми додгоҳ гуфта буд, "барои кори давлатро анҷом додан, иншооти давлатиро сохтан ва шаҳри Кӯлобро обод кардан 12 сол медиҳанд?"

Иноятзода, ки дар гузашта дар мансаби раиси шаҳри Истаравшан ва вакили Маҷлиси Миллӣ кор кардааст, моҳи майи соли 2019 раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуда буд. Ӯро моҳи июни соли гузашта дастгир ва ба 12 сол зиндон маҳкум карданд.