Дар Истиқлол гуфтанд, "касе коронавирус нашуд", аммо гирифторони илтиҳоби шуш афзуд

Даврон Зоҳидзода, раиси шаҳри Истиқлол дар вилояти Суғд

Раиси шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ) гуфт, то ба ҳол дар ин гӯшаи вилояти Суғд расман ягон мубталои коронавируси навро сабт накардаанд. Даврон Зоҳизода рӯзи 8-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, аз охири моҳи апрел то ин дам 1200 нафар аз ташхис гузаштанд, вале натиҷаҳо манфӣ буд.

Мақомоти Тоҷикистон дар эълони рақамҳои вобаста ба бемории ҳамагир боэҳтиёт суҳбат мекунанд ва, бино бар ин, иддае ба шаффофияти омор шак доранд.

Дар айни замон пизишкони шаҳри Истиқлол мегӯянд, гирифторони илтиҳоби шуш ё "пневмония" дар соли гузашта дар муқоиса ба соли 2019 беш аз ду баробар афзуд.

Валиназар Ғоибов, сарпизишки шифохонаи шаҳри Истиқлол

Валиназар Ғоибов, сарпизишки шифохонаи шаҳри Истиқлол дар вилояти Суғд, ба Радиои Озодӣ гуфт: "43 мавриди гирифторӣ ба илтиҳоби шуш сабт шуда, 2 кас аз ин беморӣ фавтиданд. Гирифторони ин беморӣ назар ба як соли қабл 32 нафар бештар буд."

Дар гузашта хабарҳое нашр шуд, ки аз ҳисоби коргарони чинӣ дар ин минтақаи саноатӣ гирифторони коронавируси нав ошкор шудаанд.

Пизишкон мегӯянд, чанде аз коргарон дар "Ширкати саноати кӯҳии Тоҷикистону Чин" дар ҳудуди шаҳраки Зарнисор ба беморӣ гирифтор шуда, қисме аз онҳоро дар шаҳри Истиқлол карантин кардаанд. "Вале ташхиси чиниҳои карантиншуда низ манфӣ баромад", -- иддао кард Ғоибов.

Шаҳри Истиқлол (Табошари собиқ) дар 50-километрии маркази маъмурии вилояти Суғд ҷойгир аст ва дар ин гӯшаи Тоҷикистон 18 ҳазору 500 кас зиндагӣ мекунанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз оғози имсол пайиҳам дар бораи сабт нашудани сирояти коронавирус хабар медиҳад, вале дар ҷомеа шубҳаҳо ба омори расмӣ ҳамчунон боқист. Чун, ба қавли баъзе аз сокинону коршиносон, мақомот аз аввал дар бораи сирояти беморӣ, шумораи мубталоён ва талафот аз он шаффофу ошкор набуданд.

Ба иттилои расмӣ, аз замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон (охири моҳи апрели соли 2020) то оғози имсол 13 ҳазору 308 кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 90 нафар фавтидаанд. Омори ғайрирасмии беморон ва талафот аз коронавирусро дар Тоҷикистон бештар аз ин медонанд.