Раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва Паймони миллиро ғоибона ба ҳабс маҳкум кардаанд, аммо нагуфт чанд ба сол.
Шермуҳаммади Шоҳиён гуфт, парванда муҳри махфӣ дорад ва ӯ наметавонад ҷузъиёти онро ба расонаҳо ошкор кунад. Вай рӯзи 8-уми феврал зимни суҳбат бо хабарнигорон инчунин нагуфт, ки ҳукм кай содир шудааст.
Пештар масъулини Додгоҳи олӣ гуфтанд, Муҳиддин Кабирӣ бар асоси чанд моддаи Кодекси ҷиноӣ, аз ҷумла ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ, куштор ва ғайра муттаҳам мешавад. Ҳарчанд худи Кабирӣ ва тарафдоронаш ин айбномаҳоро рад карда, гуфтаанд, ангезаи сиёсӣ дорад.
Қаблан баъзе расонаҳо навишта буданд, Муҳиддин Кабирӣ ғоибона ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Аммо мақомот ин хабарро расман тасдиқ накардаанд.
Муҳиддин Кабирӣ соли 2015 баъд аз интихоботи порлумонӣ Тоҷикистонро тарк кард ва ҳоло дар яке аз кишварҳои Аврупо паноҳанда аст.