Венгрия ба истифодаи "Sputnik V" иҷоза дод

Шаҳри Будапешт, пойтахти Венгрия

Венгрия (Маҷористон) кишвари аввалин дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо шуд, ки ваксинаи "Sputnik V", сохтаи Русияро сабт кард. Ҳукумат рӯзи 7-уми феврал гуфт, 40 ҳазор ваксина барои тақсим дар миёни аҳолӣ омода шудааст.

Барои се моҳи дигар Будапешт аз Маскав дархости харидани 2 миллион ваксинаро кардааст.

Маҷаллаи муътабари тиббии The Lancet аввали моҳи феврал навишт, ки санҷишҳо дар 91,6 дарсади ҳолат фоидаовар будани ин ваксинаро дар муқобили COVID-19 собит намуд.

Венгрия, инчунин, аввалин кишвари аврупоӣ аст, ки ваксинаҳои сохташуда дар Чинро амр дода, мунтазири 5 миллион дона ваксинаи навъи Sinopharm мебошад. Ҳукумат гуфт, моҳи феврал истифодаи ваксинаи чинӣ шуруъ мешавад.