46 парвандаи ҷиноӣ барои монеъ шудани волидон ба таҳсили фарзандон

Соли гузашта дар вилояти Халтон нисбати 46 падару модар барои халал расонидан ба таҳсили фарзандонашон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Онҳо тибқи моддаи 164-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон ҷазо мегиранд. Ин банди қонун волидонро барои монеъ шудан ба таҳсили ҳатмии фарзандон ҷарима ё зиндонро пешбинӣ мекунад. Додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, дар соли 2020 дар доираи “Қонуни масъулияти падару модар дар таълими фарзанд” санҷишҳои прокурорӣ гузаронида шуда, дар натиҷа, нисбати 775 волидон парвандаҳои маъмурӣ боз гардидааст. Инчунин 361 корманди муассисаҳои таълимӣ ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.