Нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу, ки дар фикри тамдиди салоҳиятҳои 12-солаи худ мебошад, рӯзи 8 феврал дар мурофиаи додгоҳӣ оид ба фасод гуфт, ки гуноҳ надорад. Додгоҳе, ки баъди шаш ҳафта таъхир дар шаҳри Байтулмуқаддас аз сар гирифта шуд, иттиҳоми порагирии Нетаняҳу аз дӯстони сарватмандаш ва додани сабукиҳо ба раҳбарони ширкатҳои матбуотиро муҳокима мекунад. Сиёсатмадори 71-сола гуфт, ки ин иттиҳомот ангезаҳои сиёсӣ дорад ва бепояву асос аст. Мурофиаи додгоҳии нахуствазири Исроил бо сабаби пандемияи коронавирус ба таъхир уфтода буд.
Рӯзи 23-юми март дар Исроил интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ баргузор мешавад ва ин чорум интихобот дар ду соли охир мебошад. Эътирозҳо аз шеваи бархӯрд бо бӯҳрони коронавирус дар Исроил ва иттиҳоми пора яке аз сабабҳои аслии эътирозҳои зидди Нетаняҳу шудааст.