Ба 8 қурбонии "илтиҳоби шуш" дар Тоҷикистон ҷуброн пардохтаанд

Шӯҳрат Мақсудзода, раиси ширкати "Тоҷиксуғурта"

Масъулони ширкати "Тоҷиксуғурта" гуфтанд, ба наздикони 8 қурбонии "илтиҳоби шуш" ҷуброн пардохтанд. Шаш нафари онҳо ходими давлатӣ ва ду каси дигар хизматчии ҳарбӣ будаанд.

Шӯҳрат Мақсудзода, раиси ширкати "Тоҷиксуғурта", рӯзи 8-уми феврал гуфт, ба ходимони давлатӣ ба миқдори ҳашт маоши охирини онҳо ва ба сарбозони фавтида ба миқдори 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (муодили 6000 сомонӣ) ҷуброн пардохт карда шуд.

Ӯ дар посух ба ин суол, ки оё ба сарбози собиқи нирӯҳои марзбонӣ Шаҳбол Мирзоев, ки ҳафтаи гузашта бо нишонаҳои илтиҳоби шуш фавтид, ҷуброн пардохтааст ё не, гуфт, "то ба ҳол ба "Тоҷиксуғурта" дар ин робита дархосте ворид нашудааст".

Гузашта аз ин, ба гуфтаи Мақсудзода, Шаҳбол Мирзоев солҳои охир дар сафи артиш набуд, вале агар хешовандонаш расман муроҷиат кунанд, ин масъала баррасӣ мешавад.

Масъулони ширкати "Тоҷиксуғурта" дар ҳамин ҳол гуфтанд, ба қонун дар бораи суғурта банди "суғурта аз бемории COVID-19" ворид карда шуд.

Пешниҳоди пардохти ҷуброн барои бемории коронавирус аз ҷониби ҳукумат сурат гирифтааст ва феълан ду ширкат -- "Тоҷиксуғурта" ва "Бима" бо сокинон дар ин замина қарордод имзо мекунанд. Тибқи қонунгузорӣ, ҳама кормандони давлатӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ ба суғуртаи ҳатмӣ фаро гирифта мешаванд.

Соли гузашта ҳазорон нафар дар Тоҷикистон ба бемории COVID-19 гирифтор шуданд. Мақомот дар Тоҷикистон мубталоён ба бемории "илтиҳоби шуш"-ро аз гирифторон ба коронавирус ҷудогона ҳисоб мекунанд, вале омори нищоиро то ба щол эълон накардаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумораи гирифторон ба бемории COVID-19-ро то рӯзи 7-уми феврал 13308 нафар ва фавтидаҳоро 90 кас гуфт. Оморе, ки дар ҷомеа ба он бо дидаи шак менигаранд ва шумораи гирифторону қурбониёнро аз ин бештар медонанд.