Байден гуфт, Трамп набояд ба маълумоти истихборотӣ дастрасӣ дошта бошад

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико

Раиси ҷумҳури Амрико бо ишора ба "хӯи ноустувори Доналд Трамп" гуфт, иҷоза намедиҳад, президенти собиқ ба маълумоти бадастовардаи Хадамоти истихборотӣ дастрасӣ дошта бошад. Байден дар ин бора дар мусоҳибае рӯзи 5-уми феврал ибрози назар кард.

Ӯ нагуфт, ки бо чунин маълумоти махфӣ Трамп чӣ коре карда метавонад, танҳо таъкид кард, чунин зарурате нест. Дастрасӣ ба маълумоти истихборотӣ таърихан як имтиёзи раисҷумҳурони собиқи Амрико буд.

Дар як мусоҳиба бо телвизиони CBS Байден гуфт, “гузоришҳои истихборот барои ӯ чӣ арзише метавонанд дошта бошанд? Ӯ дар умум чӣ таъсир хоҳад дошт, ба ҷуз ин ки мабодо лағжиш хӯрда чизеро фош кунад?”

Ҷейн Псаки, сухангӯи Кохи Сафед, қабл аз ин гуфта буд, ки масъалаи дастрас шудани гузоришҳои хадамоти истихборот ба Трамп дар баррасӣ аст. Дастрас шудани чунин маълумот ба Трамп аз тасмими президенти кунунӣ вобаста аст.

Президенти собиқи Амрико ҳафтаи оянда дар ростои мурофиаи дувуми додгоҳӣ марбут ба импичмент қарор мегирад. Ӯро ба таҳрики ҷонибдоронаш ба шӯриш дар суханронии рӯзи 6-уми январ, қабл аз ҳуҷум ба Капитол, айбдор мекунанд.

Байден гуфт, ба назари ӯ, Трамп набояд ба гузоришҳое ҷуз марбут ба ҳуҷуми Капитол дастрасӣ дошта бошад. Ӯ афзуд, Трамп на ба хотири ҳуҷуми сокинон ба Капитол, балки ба хотири “хӯи ноустувораш” набояд ба гузоришҳои истихборотӣ дастрасӣ дошта бошад.