Ҷасади падару духтари тоҷикро, ки дар Русия кушта шуданд, ба Тоҷикистон мефиристанд

Ҳар сол ҷасади садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз Русия ба ватан меоранд. Акс аз бойгонӣ

Ҷасади як духтари тоҷик ва падарашро, ки дар шаҳри Перми Русия кушта шуданд, бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон меоранд. Дар ин ҳодиса домоди хонавода гумонбар аст.

Мақомоти интизомии Русия гуфтанд, ин марди тоҷикро бо номи Шоҳназар дастгир карданд ва ӯ феълан дар боздоштгоҳ аст. Кумитаи тафтишотии Перм рӯзи 4-уми феврали имсол иттилоъ дод, ки ӯ бар асоси қисми дуи моддаи 105-и Кодекси ҷиноии Русия муттаҳам аст.

Зайниддин Иброҳимов, раиси ҷамъияти тоҷикон дар Перм, рӯзи 6-уми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тобути падару духтарро омода кардаанд ва аз сардхона ба фурудгоҳ ва баъдан ба Тоҷикистон мефиристанд. Вай гуфт, "бояд рӯзи панҷуми феврал тобутҳоро мефиристодем, вале Шӯъбаи тафтишотии Перм иҷоза надод, зеро пайванди сари аз тан ҷудошуда вақт мехост."

Кушташудаҳо дар ноҳияи Тоҷикободи минтақаи Рашт, зодгоҳи духтару падар, ба хок супурда мешаванд.

Зайниддин Иброҳимов афзуд, "бар асоси фарзияи охир зан ҳомила буда, ба сабаби бемории камхунӣ падараш иҷозаи таваллуди кӯдакро надодааст. Бино бар ин, зан аз шавҳараш хоҳиш кардааст, бо хубӣ аз ҳам ҷудо шаванд. Ин ҳарфҳо боис ба хашми Шоҳназар шуда, даст ба куштор задааст."

Ин хонавода дар Перми Русия ба ҳаммолӣ машғул буда ва шаҳрвандии Русияро ҳам доштаанд.

Дар Русия садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон кору иқомат мекунанд ва баъзеи онҳо бо аъзои хонавода ҳастанд. Дафтари матбуоти Кумитаи тафтишотии Перм навиштааст, ҳодисаи мазкур ҳамаҷониба мавриди таҳқиқ қарор дорад.