Дар ҳамлаи Кундуз 16 корманди амнияти Афғонистон кушта шуд

Ноҳияи Қалъаи Золи Кундуз. Акс аз соли 2020

Дар ҳамлаи шабонгоҳии Толибон ба як посгоҳи амниятии Кундузи Афғонистон дастикам 16 узви нирӯҳои амниятӣ кушта ва ду нафар маҷрӯҳ шуданд. Ғуломраббонии Раббонӣ, як узви шӯрои Кундуз рӯзи 5 феврал гуфт, ки ҷангиён ба посгоҳи Тори Ахтари ноҳияи Хонобод ҳамла карданд ва даргириҳо се соат идома дошт. Ба иттилои ӯ, ду корманди дигари ин посгоҳ гаравгон гирифта шуданд.
Як мақоми дигар гуфт, ки Толибон тамоми силоҳу муҳимотро бо худ бурданд. Мақомот гуфтанд, ки ин посгоҳ зери назари раёсати амнияти миллии Афғонистон буд. Ин ҳамла дар ҳолест, ки бо вуҷуди музокироти сулҳи миёни ҳукумати Кобул ва Толибон дар як соли охир мизони хушунатҳо дар саросари Афғонистон афзоиш ёфтааст.