Узбекистон хостори таъсиси донишгоҳи муштарак бо Тоҷикистон шудааст

Маҳмадюсуф Имомзода

Вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 5-уми феврал ба хабарнигорон гуфт, Узбекистон хостори таъсиси донишгоҳи муштарак шуд.

Ба иттилои Маҳмадюсуф Имомзода, масъала дар ҳоли баррасӣ буда, Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд барои таъсиси донишгоҳи муштарак бо Узбекистон муваззаф аст. Ҳанӯз маълум нест, донишгоҳи муштарак бо Узбекистон кай ва чӣ гуна ба кор оғоз мекунад.

Баъд аз соли 2018 садҳо донишҷӯйи узбек барои таҳсил ба донишгоҳҳои Тоҷикистон омаданд. Аммо соли гузашта муаллифони гузориши Бозрасии назорат ба маорифи Узбекистон гуфтанд, донишомӯзӣ дар 16 донишгоҳи Тоҷикистону Қирғизистон ба бозори меҳнати ин кишвар ҷавобгӯ нест.

Ин ниҳод ба довталабони кишвари худ пешниҳод кард, ба донишгоҳҳои кишварҳое раванд, ки дар раддабандиҳои омӯзишии номдор ҳастанд. Пас аз ин чанде аз донишҷӯёни узбек аз Тоҷикистон ба кишвари худ баргаштанд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, "ин таҳлили созанда нест" ва онро натиҷаи "рақобати носолим" номиданд. Чун, ба гуфтаи онҳо, "донишгоҳҳои Узбекистон ҳамаи хатмкунандагонро фаро гирифта наметавонанд ва шаҳрвандони Узбекистон барои донишомӯзӣ ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигар мераванд".