Як дипломати эронӣ дар Белгия ба 20 сол зиндон маҳкум шуд

Асадулло Асадӣ соли 2018 дар Олмон дастгир ва дар талоши анҷоми ҳамлаи террористӣ гумонбар шуд

Додгоҳе дар Белгия як дипломати эрониро бо гуноҳи "кӯшиши ҳамлаи террористӣ" ба 20 сол зиндон маҳкум кард. Ҳукм рӯзи 4-уми феврал эълон шуд. Асадулло Асадӣ дипломати муқими Вена буд.

Додгоҳ гуфт, Асадӣ мехост, дар ҳодисаҳои моҳи июни соли 2018 дар раҳпаймоии Шӯрои миллии муқовимати Эрон, ки як созмони мухолифи режими Теҳрон аст, ҳамла анҷом диҳад. Се нафари дигар ҳам ба зиндон маҳкум шуданд.

Ҳамлаи тарҳрезишуда дар як амалиёти муштараки нирӯҳои қудратии Фаронсаву Олмон ва Белгия хунсо шуд. Асадулло Асадӣ, ки нахост дар додгоҳ ҳозир шавад, ҳангоми истироҳаташ дар Олмон дастгир ва ба Белгия таслим карда шуд.

Вакили ӯ, Димитрий де Беко, гуфт, нафари зери ҳимояташ худро бегуноҳ меҳисобад, вале вакилони дифои эътирозгарон мегӯянд, дипломатҳо дар баробари иттиҳоми ҳамлаи террористӣ аз масуният бархӯрдор нестанд.

Эрон иттиҳоми зидди дипломаташро рад карда, гуфтааст, баёноти Шӯрои миллии муқовимати Эрон, ки дар дохили ин кишвар террористӣ шинохта шудааст, "як дурӯғ аст". Ин созмон қаноти сиёсии гурӯҳи Муҷоҳидини халқ аст, ки дар хориҷа ба сар бурда, ҳадафаш аз байн бурдани режими Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.