Барномаи COVAX-и зери назари Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ рӯзи 3 феврал тартиби тақсими тахминии 96 миллион ваксинаи зиди коронавирусро байни кишварҳои ширкатдори ин барнома нашр кард. Қарор аст, марҳилаи аввали интиқоли ваксинаи “AstraZeneca” моҳи ҷорӣ оғоз шуда, беш аз 3 фоийзи аҳолии 145 давлатро фаро бигирад. Интизор меравад, ки Тоҷикистон 732 ҳазор дона ваксинаро дарёфт кунад. Қаблан вазорати тандурустии Тоҷикисон гуфта буд, қарор аст 20 фойизи аҳолии Тоҷикистон аз COVID-19 эм карда шаванд. Вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода гуфтааст, маъракаи эмгузаронӣ дар нимаи соли ҷорӣ сурат гирифта, 1 миллиону 800 нафарро фаро хоҳад гирифт. Ба қавли вазир, дар марҳилаи аввал кормандони тиб, омӯзгорон, афроди дорои бемориҳои музмин ва онҳое, ки аз 50-сола боло ҳастанд, ваксина мегиранд. Маълум нест, ки оё ин воксинаҳо ройгон ваё бо пул дода мешаванд. Мақомот ин масъаларо шарҳ надодаанд.