Гуруҳе аз сенаторҳои демократу ҷумҳурихоҳи Конгресси Амрико бо пешниҳоди як лоиҳаи қонун ба Сенат хостанд, "Русия барои амалҳои бадхоҳонааш ба ҷавобгарӣ кашида шавад".
Дар ин лоиҳа, аз ҷумла эъломи таҳрим ба зидди мансабдорони русе пешниҳод шудааст, ки дар қазияи заҳролудсозии пешвои мухолифин Алексей Навалний ва коркарди "маводи заҳрогини ҳарбӣ дар Русия" даст доранд.
Агар лоиҳаи қонун қабул шавад, президенти Амрико муваззаф аст, дар давоми 90 рӯз ба зидди дастандаркорони заҳролудшавии Навалний ва онҳое таҳрим ҷорӣ кунад, ки талош доштанд сӯиқасдро пинҳон кунанд.
Таҳримҳо иборат аз ҳабси дороӣ, манъи сафар ба Амрикову ҳамкории созмон ва шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида бо шахсони таҳримшуда мебошанд.
Ҳамчунин омадааст, дар давоми 180 рӯзи баъд аз қабули қонун президенти Амрико бояд дар бораи қазияи куштори Борис Немтсов дар соли 2015 бо ишораи қотилони эҳтимолии ӯ ва "боигарии шахсӣ"-и президенти Русия Владимир Путину наздиконаш ду гузориши алоҳида ба Конгресс пешниҳод кунад.
Аз Департаменти давлатии ИМА низ талаб мешавад, ки Олмонро ба қатъи бунёди лӯлаи гази "Ҷараёни шимол-2" розӣ кунонида, аз мақомоти Русия озодии Навалнийро талаб кунад.
Додгоҳи Русия 2-юми феврал Навалнийро бо гуноҳи риоя накардани қоидаҳои ҳабси шартӣ зиндонӣ кард. Ӯ аз рӯйи парвандаи соли 2014 бо иттиҳоми тақаллуби молӣ 3,5 сол шартан аз озодӣ маҳрум шуда буд.