Макс Бокаев баъди раҳоияш аз зиндон қазоқистониҳоро ба тазоҳурот даъват кард

Макс Бокаев баъди озодӣ аз зиндон, 4-уми феврали 2021

Фаъоли мадании қазоқ, Макс Бокаев, рӯзи 4-уми феврал аз зиндони шаҳри Атирауи ин кишвар озод шуд. Дар ин бора тавассути пахши мустақим дар саҳифаи "Атажұрт Жастарӣ" дар Фейсбук хабар доданд.

Макс Бокаев дар хитоб ба фаъолоне, ки ба пешвози ӯ рафта буданд, гуфт, бидуни дастгирии мардум дар зиндон "мепӯсид". Вай дар назди дарвозаи зиндон даъват кард, ки аз 28-уми феврал то 28-уми марти имсол рӯзҳои якшанбе бо талаби гузаронидани ислоҳот дар Қазоқистон тазоҳуроти умумимиллӣ баргузор карда шавад.

"Агар ҳукумат ба худ наояд ва ба сухани мо гӯш надиҳад, дар майдонҳои кишвар хайма хоҳем зад", - афзуд ӯ.

Макс Бокаеви 46-сола бо айби барангехтани ихтилофи иҷтимоӣ, нақзи қонуни баргузории тазоҳурот ва паҳни иттилои дурӯғ моҳи ноябри соли 2016 панҷ сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ӯ ин айбҳоро рад мекард ва ҳомиёни ҳуқуқу ҷонибдоронаш парвандаи ӯро сиёсӣ меномиданд.

Муҳлати ҷазои ӯ моҳи 4-ферали соли 2021 ба поён расид. Бокаев пештар аз дархости озодии пеш аз муҳлаташ худдорӣ карда буд.